Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ин хел диловарҳо, албатта, ба нияти худ мера- санд...


Анварро ин навбат илоҷи гурехтан нашуд. Захмҳои бисёрашро ба назар гирифта, ӯро ба бистар хобонданд. Албатта, дар гармогармаш вай таъсири захмҳояшро писанд накарда буд. Вале соате нагузашта бетоқат шу- дан гирифт. Аз сару рӯяш арақи сард мерехт.

Лейтенант Фёдоров дар беруни палаткаи ҷарроҳӣ ҳанӯз беором қадам мезад. Тез-тез ба соаташ менига- рист.

— Салом, рафиқ лейтенант! — шунида шуд нога- ҳон овози Анвар, ки ӯро бо занбар аз ҷодари ҷарроҳӣ мебароварданд.

— Хайрият, зинда мондӣ, — тозон рафта Анварро бӯсид лейтенант. — Ман хеле ҳавотир шудам. «Зӯри Аз- роил фақат ба тарсончакҳо мерасад», мегуфтанд, рост будааст.

— Ман гуфтам-ку, рафиқ командир, то хуни садто фрицро нарезам, намемирам, — зӯрбазӯрак хандид Ан- вар.

— Иродаат, ки мустаҳкам аст, ту ҳеҷ вақт намему- рӣ, дӯстам. Акнун гап ин тавр, Анварчик, — ҷиддӣ кар- да гуфт лейтенант, — дигар хаёли гурехтан намекунӣ. То худашон ҷавоб надиҳанд, аз ҷоят намеҷунбӣ. Ин мас- лиҳат не, фармон. Фаҳмидӣ?

— Дур рафта монетон, баъд шумоёнро аз куҷо ме- ёбам? — бо овози ларзон пурсид Анвар.

— Сиҳат шавию ҷавоб диҳанд, боварӣ дорам, ки ту моро аз таги замин бошад ҳам, меёбӣ, — шӯхиомез фаҳ- монд командир. — Лекин агар ба ақибгоҳ рафтанат ло- зим шавад, адреси маро медонӣ. Аз ҷанг сиҳат-саломат бароям, албатта туро ёфта мегирам. Дуруст? Мо акнун додари қиёматӣ шуда мондем.

— Ҳе, шумо чиҳо гуфта истодаед? Ман то рӯзи га- лабаро дар Берлин пешвоз нагирам, хаёли ақибгоҳ на- мекунам, — эътироз кард Анвар.

— Охир, аҳволатро намебинӣ, бародар? Ин дафъа ҷароҳатат вазнинтар. Ангуштонатро духтур бурид?

— Фақат сетоашро аз нисф-нисфаш бурид. Вай ҳам дасти чап. Қабурғаам ҳам дар рӯзҳои наздик дуруст мешудааст. Аммо метарсам, ки вазнини гуфта, ба госпи- тали ақибгоҳ нафиристанонд.

пешина
аз 323
навбатӣ