Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
— Шояд ин мулоқоти охирини мо бошад,— мегуфтем мо.
Қӯшунҳои мо ҳуҷумро давом доданд. Ҳар як истеҳкоми нави душманро торумор карда, боз пеш мерафтанд... Охир, дар ҷанги даст ба гиребони бегоҳии сездаҳуми декабр дар зери борони тиру гулӯла оғӯштаи хуну барф афтодам. Агар автоматчине чор-панҷ дақиқа дер меомад...
— «Ман дар сари қабри ту» гуфтӣ, ҷӯраҷон. Кадом қабри ман? — баъд аз ором ёфтани дӯстам пурсидам.
— Хе-е, ҷӯраҷон,— гуфт бо ҳаяҷон Абдукарим, лабҳои ғафсашро пир-пир парронда,— баъди ҳамон ҷанги сахти даст ба гиребон туро ҷустуҷӯ намудам. Дар ҳамон баландӣ, ки хунрезии бисёр шуд, якчанд қабр меистод. Ба тахтаҷони яке аз онҳо ном ва фамилияи ту навишта шуда буд... Чунон гиристам, ки...
— Хайрият пеш аз маро дидан, назди модарам нарафтӣ, — хандидам.
— Аввал Абдусатторро дидам,— гуфт Абдукарим, папироскашон. — Хоҳиш кардам, ки ҳамроҳ равему қарзи ҷӯрагиро адо кунем. «Кадом қарзро?» — пурсид ӯ.
Ҳар се ахду паймон карда будем-ку. Вай, ки ҳалок шуд, акнун ҳар дуи мо бояд... «Ту хоб ё бедор? — пурсид Абдусаттор, — вай зинда аст. Мана газетаро бин. Имзояш ҳаст». Наход зинда бошад? Ман қабрашро дида омадам-ку! гуфтаму ба идораатон омадам, боз пурсидам.
«Бале, зинда. Ҳозир корашро тамом карда, ба боғи шаҳрӣ рафт. Ба театр медароям гуфта истода буд» гуфтанд.
Ба гӯшонам бовар накардаму ба ин сӯ давидам. Мана, акнун ба чашмонам бовар мекунам.
— Ҳа-а,— гуфтам ба Абдукарим ва эзоҳ додам:— дар ҷанг ҳам ғалат, хатоӣ, саросемагӣ ва дӯлобкориҳо мешавад. Канӣ, рафтем!
Моро Абдусаттор дар лаби дарёи Сир интизор будааст. Ҳамдиёрон аз насими форами соҳили Сир нашъа бурда, барои ғалабаи комили армияи диловарамон қадаҳ бардоштам.
— Барои Ватан, барои ғалабаи комили Қувваҳои
Мусаллаҳи Советӣ! — мегуфтем мо.
ГУРЕЗПО
Анварро ҳамин тавр меномиданд. Дар ҳақиқат ӯ се
маротиба аз медсанбат гурехта буд. Ҳамшираҳои тиб
ӯро ду маротиба дастгир карда, бурда аз нав ба ҷояш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё