Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
надошт, ки қарор ва гуфти онҳоро дигар кунад ва ё ба таъхир гузорад. Хоҳиш — хоҳишу қонун — қонун аст. Ба маънои ин ҳам нағз сарфаҳм мерафт ӯ. Духтари оқилу ботамкине буд.
— Ман нағз медонам, ки ту зану фарзанд дорӣ, — гуфт ӯ рӯзе, — модар дорӣ, бародару хоҳар дорӣ, хешу табор, рафиқу дӯст. Албатта, онҳо ҳам аз интизорӣ чашмашон ба роҳат чор. «Интизорӣ бадтар аз ҷонканӣ», гуфтаанд... Фақат маро фаромӯш накунӣ, шуд.
— Туро фаромӯш кунам, виҷдонамро фаромӯш мекунам, — гуфтам.— Охир, ман одам ҳастам.
Офтоби ман соли 1943 саховатмандона нурпошӣ мекард. Аз автобуси санитарӣ бо биноҳои боҳашамату хиёбонҳои аз барф холишуда, бо манораҳои сердуди комбинати машҳури металлургӣ ва бо одамони меҳрубону одамдӯсти шаҳри Магнитогорск хайру маъзур мекардам. Мурғи хаёлам ба сӯи зодгоҳи дилбандам парвоз мекард. Вале дили мафтуни муҳаббати пок гаштаам ҳанӯз аз бинои табобатгоҳу сӯҳбату ҳазлу шӯхиҳои дӯстонам берун намебаромад. Охир, як рӯз нону намак шаву чил рӯз андеша кун, гуфтаанд.
Ростӣ гап, Машаю Тамара, гуселкунандагони дигари госпиталь чӣҳо гуфтанд, ба хотир оварда наметавонам. Фақат ҳаминаш ба хотирам омад, ки Маша ба ман тез-тез мактуб навиштанро такрор-такрор таъкид мекард.
Машаю Тамара аз бағалам гирифта ба поезд бароварданд. Ғайр аз хӯроквориҳои госпиталь, худи Маша ҳам тухм, гӯшти бирён ва кулчаҳо овардааст. Поезд ба ҳаракат даромад. Машаю Тамара нафаромаданд. Онҳо то истгоҳи дигар ҳамроҳам омаданд.
Чун бародару хоҳар ҳамдигарро ба оғӯш кашидему ашки аламу андӯҳ равон кардем.
— Фаромӯш накун, азизам! — гуфт Маша бо овози ларзон.
— Ҳеҷ гоҳ! — гуфтам.— Ба ту аз дилу ҷон ташаккур!
Поезд ба сӯи Шарқ метохт. Вале Маша ҳанӯз рӯймоли нафиси сурхашро алвонҷ медод...
ВИҶДОНИ БЕДОҒ
Аз сар шудани ҷанг ҳамагӣ якчанд рӯз гузашта буд.
— Рафиқ муҳаррир, — гуфт рӯзе саҳифабанди матбаа ба наздам омада, — мусахҳеҳ нест, навбатчӣ нест, газетаро кӣ мехонад? Ҳамаи саҳифаҳоро кайҳо баста будам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё