Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
— Донам, ки ин хел бӯсаи обдор мешудааст, ман ҳам соат меовардам!
Қох-қохи ханда ба шифти хона дакка зад.
Рӯзи дигар Машаро навбати кор буд. Ҳанӯз вақти иваз кардани смена нашуда, аз дар хандида омад. Ман чеҳраи хандону гул-гул шукуфони ӯро бори аввал медидам. Албатта, пеш ҳам механдид. Моро бо табассумҳои зебою ширинаш сарфароз мекард. Вале ман дар лабаш табассуму дар дилаш ғамӣ андӯҳ ҳис мекардам. Гӯё ӯ озор додани дили озурдаи ярадоронро аз азоби рӯҳии худ вазнинтар мешуморид.
— Медонӣ, азизам, ман имшаб чӣ хел хобҳо дидам,— ба паҳлӯям нишаста бо ангуштони сафеду нозукаш мӯи парокандашудаи сарамро ба тартиб оварда, бо камоли хурсандӣ гап сар кард, ӯ.— Падарам зинда будаасту сари синаҳояш пур аз ордену медальҳо баргаштааст. Акаам Николай ва укаам Иван маро ба муносибати рӯзи таваллудам табрик мекардаанд. Ман гуфтаам, ки азбаски аз шумо дарак нашуд, мана ин касро (туро ишора карда), ба додарӣ қабул кардам. Онҳо мегуфтаанд, ки ин додари худамон буд. Мо аз фронт ба назди ту фиристода будем...
— Хобат ба ҳақиқат табдил меёбад, азизам,— гуфтам.— Ҷанг ба охир мерасад, шояд падару бародаронат ҳам зиндаю саломат ордену медальҳоро ҷаранг-ҷарангкунон даромада оянд. Аксари хобҳо рост мебароянд.
— Кӯшки, ҳамин тавр мешуд!
— Албатта, ҳамин тавр мешавад!
Рӯзҳо, ҳафтаҳо гузаштанд. Ман дарси роҳгардиро ба итмом расонида, мустақил ва бемалол мегаштагӣ ва ҳатто беруни госпиталь мебаромадагӣ шуда мондам. Бо вуҷуди ин Маша ҳамеша аз паи ман буд. Таъкид мекард, ки эҳтиёт шавам ва дур наравам. Рӯзҳои холиашро ҳамроҳи ман мегузаронд.
— Бо ин либосат берун баромадан намемонам,— пеши роҳамро медошт,— берун шамол.
— Хӯб, хӯҷаин,— сари итоат мефаровардам. Либосҳоямро пӯшонидаю тугмаҳоямро гузаронида ва бори дигар аз назар гузаронида мегуфт:
— Марҳамат. Лекин дур нарав.
— Хӯб, хӯҷаин.
— Эҳтиёт шуда қадам мон.
— Хоб, хӯҷаин.
Ҳамин тариқ, соати ҷудой ҳам наздик расида монд. Духтурон муждае расониданд, ки ҳафтаҳои оянда ҷавоб хоҳанд дод. Маша инро нағз мефаҳмид. Вале қудрате

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё