Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт

Ҳавои августӣ мис барин тафсидагӣ. Яке тез-тез берун баромада, ҳавои тоза мегирад, дигаре беором арақҳои рӯю гардан пок карда, хабар таҳрир мекунад. Сеюмин фақат овораи чойдамкунӣ ва чойкашонӣ. Вақти муайян мегузарад, материалҳои шумораи навбатии газетаро ба матбаа фиристода, аз рӯи одат байни худ рафти ҷангро муҳокима мекунем. Ҳар кас ба таври худ муҳокима меронад. Яке хашмгин мешавад, ки душман торафт пеш омада истодааст, дигаре ӯро тасалло медиҳад, ки «парво накун, давидани гӯсола то каҳдон хоҳад шуд». Охири сӯҳбат боз ба муаммои кӣ кай ба фронт меравад, табдил меёфт.

— Беҳтараш, мо ҳам ариза диҳему тезтар равем, — гуфт Муҳаммадҷон Нурматов рӯзе, — имрӯз меравем ё фардо меравем гуфта, дилро ғаш кунонида мегардем? Чӣ гуфтӣ Аҳмадҷон?

— Шумо ба фронт меравед? — қоҳ-қоҳ хандид Аҳмадҷон Муҳаммадҷонов, ки ҷавони гандумгуну қоматбаланде буд. — О, гунҷишк фирри кунад, дили шумо ширри мекунад-ку?

— Кӣ-й? Ту худатро мегӯӣ. Рӯзона аз сояат метарсӣ, — хандид Муҳаммадҷон.

— Метарсам, ки аз тиратон дида ҷонатон пештар баромада намонад, — боз хандид Аҳмадҷон.

— Оббо, ҳамаро худат барин мефаҳмӣ-я, — бо оҳанги ҳазл гуфт Муҳаммадҷон, — кӯкнорибача, ки ҳастӣ, ҳамаро тарсончак гумон мекунӣ-а? Акаатро писари Мири мисгар мегӯянд!

— Мири шаб ё мири рӯз?

— Ҳар дуятон як себу ду тақсим, — ба гап ҳамроҳ шуд Ҳаким Набӣ. — Нағзаш қувваи дасту бозуятонро дар фронти меҳнат нишон диҳед. Ҳама ба фронт раванд, газетаро кӣ мебарорад? Газета ҳам ба фронт хизмат мекунад. Чӣ гуфтӣ, Юлчӣ?

— Аз ман чаро мепурсӣ? Худи ман пеш аз инҳо рафтанӣ-ю,

аз 323
навбатӣ