Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Тӯй раҳакӣ нестам. Даршикастам.
— Пеши нохалафо сархам набош.
— Вой, хоки одамхӯр!
— «Азроил ризо набуда ба ҷонситонӣ. Офаридгор фармуда: ту бирав, калами якеро ба об, дуюмиро ба оташ, баъдинаҳоро ба хорӣву зорӣ мекашам. Бирав, аз ту намебинанд.»
— «Аз кӣ домангирем?»
« — Фалокатҳо беҳисоб.»
« — Ҳар куҷо инсони хубест, хорӣву зорӣ мебинад.»
« — Чӣ асрорест паси ин парда?»
« — Ҳикмати илми ғайбро намедонем.»
« — Кадом рӯз ба хонаи сад медароям, ҳикмати омадурафти одам ба оламро нафаҳмидам.»
« — Аз бузургиҳои Оллоҳ таъоло нишонаст.»
« — Оллоҳу акбар!»

Ҳар чизе мегуфт, бадард ё бедард, бамаънӣ ё бемаънӣ, аз риштаҳои ғам ҷома медӯхт. Мушкили ғамзадаро Қурбоналии шофир осон кард. Ӯ аз безуриётӣ ғамдор буд. Фуромаду рафт пеши хола. Занак бо чашмони обӣ ва гардани каҷ гуфт:
— Саройи мо ғамхона шуд.

Мардакро дардаш рӯ зад, мижгонҳош тар, сараш ҳам шуд. Чорсӯ сарои мотам шуд. Қалби ҳазинаш дар панҷаи марг бозӣ дошт, ба шикасташ нотанге заъифиро рӯҳнавозӣ дошт.
— Адо нашав, саломат гаштааст бачат,— ба таскини дили хола дурӯғ гуфт Қурбоналӣ.
— Кӣ дидааст?
— Худам.
— Ба чашмони сарат дидӣ?
— Ҳа.
— «Очама биёр» нагуфт?
— Пайгом роҳӣ кард.
— Гуфтанд: «Ба ҷариӣ бетак рафтааст, устухоноша намеёбем...»
— Ба дурӯғи душмано бовар накун.
— Даҳоншона шамол барад.
— Не-е, фандам накун. Хобам рост баромад.
— Чӣ хоб дидӣ?
— Хоби ганда: оби лойолудаву гӯшти хом, саргардонӣ, даводаву паропар...

пешина
аз 314
навбатӣ