Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Замин мехкӯб мешавад. Бачаҳак хиққас мезаду мегирист. Набераҳои калониш гурехта, дар остонаи чапарак ба рафтан омода мешаванд. Момо дар ғами ҷони худ аст, сухани даркорӣ намеёбад баҳрашон. Бапсрор мегузаранд хурдгаракони беқарор. Модарам дар миёни обу оташ монда, ваъдаи омадан медиҳад, бесуд. Фиғоншон ҷигарсӯз печида, хонаводаро лол мегардонад.
— Мома, мо инҷо намеистем...
— Барои чӣ?
— Пеши очамон бибар моро.
— Очатон дар таги хок.
— Бибар моро ҳамон ҷо.
— Раҳ медошт, худам мерафтам...
— Набаримон ба дарё мепарем.
— Моматон сиҳат шавад, баъд.
— Тӯй момаи мо, ранги очамона дорӣ.

Хонаводаи Садбарг аз бемордорӣ ба рафтани кӯдакон розӣ намешавад. Маҳмадшоҳи ҷохили чандапӯш сиёсат нишон медиҳад. Лабзанӣ куҷо? Афту дарафташонро бо падар медидӣ... Модарам ҳиҷолатзада ҳавлиро тарк мегӯяд. Аҳа, ба думболаш медаванд набераҳои зӯҳм. Соҳибони хонаро бемори беёдхобида як сӯ, сағираҳо аз дигар тараф сарборӣ хузи мефизоянд. Аз раҳ намегарданд, якравҳо!

Дар ҳавлии Садбарг мегӯй чуғз фарёд мекард.
Хурдгаракон чунонки модарашонро ёфта бошанд, мегуфтанду механдиданд. Момо дар чеҳраи набераҳош нусхаи пайванди бармаҳалрафтаашро пеши рӯ дошт. Хушу ёди вай ба фазои дур, ба аёми барҳаётии апаам кӯч мебаст. Ӯ ба дастони ҷигаргӯшаҳош савго додаву бағал кашида, мебӯйиду мебӯсидшон.

Дар гумонам, хуршед болои хотаи мо ба сурати апаам ба дидор омада, механдид, тану ҷонамонро навозиш мекард...

Месазад ба Модар, ба ин Худои хона бинозем. Аз модардор бадавлаттар дар ҷаҳони ҳастӣ одаме нест! Модар аст, ки пеши корамон кушодаву рақибонамон пиёдаанд. Модар аст, ки аз дилозурдагиҳо базудӣ халосӣ меёбем. Ба шарофати ӯ аз дари хонамон яку ду медарояд. Ҳамраҳаш диламон бақуввату дидаҳомон рӯшан аст. Модар аст, ки номардиҳои номардонро ба як пули пучак намегирем. Дуои хайри ӯ аз чашмони бад ҳифзамон мекунад. Бо

пешина
аз 314
навбатӣ