Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Ҷисми дардмандашро ба ҳоле кашида, дар гӯшае нишаста пиёзу сабзӣ реза мекунад. Ҳавсалаш пир шудааст. Сабзиву пиёзро дар косаи оби соф шуста, мехезаду ба майдони боғчаи бачаҳо менигарад. Холӣ буд майдон. Рӯғани дегро доғ мекунаду сабзиву пиёзу картошкаро андохта, таф медиҳад. Оташи тайи дегро паст мегиронад, ки таом ҷӯшида-ҷӯшида, лазиз шавад. Болои бӯғ чойҷӯши пуроб ниҳода, омада дастархон паҳн мекунад. Ва аз долони баланд омад-омади моро пазмонӣ мекашад. Ҳамсояи нек аз хеши раҳдурӣ беҳ аст. Заҳги пушти дар модарамро ба худ меорад. Кампираки бухороӣ наздаш мефӯрояд.
- Чӣ хол дорӣ, дугона?
- Биё, оҷан Анваршоҳ.
- Э, дар хона танҳо шишта-шишта сарам дард гирифт, пойин фуромадам...
- Хуб кардӣ, як дамак шиштан ғанимат. Биё, биё, дар хоки похот садка-е. Мову ту ҳамсоя не, аҳли табор шудаем. Тобистон ба Сари Ҳосор мебарамат. Ватани бобоии маро мебинӣ. Як гӯшаи биҳишт ҳамон ҷост.
- Бухорои шарифда дидай? — башавқ фаҳмидан мехоҳад кампираки ҳамсоя.
- Ҳеҷ.
- Эҳа, шаҳри таърихӣ, гаҳвораи тамаддуни тоҷикон аст. Вай мардум фиребу шайтонӣ намедонад...
- Ку марҳамат, нон бишкан, — муроот мекунад модарам ба ӯ.
- Хуб, гапама тамом кунам, — каҷпаҳлӯ зада пешонаашро мемолад кампираки бухороӣ. — Ҳа, якрӯву якзабон аст, мардуми Бухоро. Феъли оҷан Темур (ба ҳамсояи муқобил ишора мекунад) мардуми мо барин: дасткушод, хушзабон, одамҳоро «биё»-ву «бишин» мегӯяд, бар падараш раҳмат.
- Ба мулки мо чӣ хел афтодӣ?
- Анвара додош хизматчии ҳарбӣ буд. Ӯро ба ин тарафҳо фиристоданду муқимӣ шудем.
- Шумо — чӣ?
- Мо ватандорем.
- Шавҳарат чикора буд?
- Раиси хоҷагӣ буд, номдор буд. Ягон шаб ҳавлии мо бе меҳмон набуд. Қорафтодаҳо меомаданду мерафтанд. Баъди марги мӯйсафедам баракати хона парид. Худо дарди сари фарзандҳоро набинад, шукр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё