Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

тифлаки маъсум меомезад. Гаҳвораи сабз пас аз чанде оромиш ҷумбиш мехӯрад. Чеҳраи оганда ба ғаму кулфатбори модарам паёпай нур мегирифт. Субҳ тухмбирён мепухт, ки арӯс гурусна намонад. Ҳайфи некиҳоӣ, нақше буд беранг ба рӯи санг. Парерӯз пиразан баҳавас ба ӯ коре фармуд: гилемҳоро дар сабзазори офтобрӯи пушти бом биафшон. «Духтарот лой сум намезананд!
Токагӣ мефорадам!...» ба тундӣ мегӯяд арӯс.

Модарамро дар пешайвон малӯл мебинам. Дарзҳои кӯрпачаҳоро канда, пахтаи нав меандохт. Аз таки дилаш мӯдароям.
Гуноҳхори ранҷиши ӯ кӣ бошад? Яъсам боло мегираду пеши поҳош ба зону мезанам: «Эй, шахсутуни хонаи ободам! Ҳар чизаки дар зиндагӣ насибам аз шарофату файзу футӯҳи Шумост. Ба ҳар фармонотон қодирам, то ҷое, ки ҷон ба каф биспорам. Зинҳор, ашки ғамборатро дидан намехоҳам! Иҷн деҳ, то бипурсам ин ҳама ранҷуриро? Дар хоки поҳот бимирам, ҷон модари бузургвору адофаҳмам, не нагӯ...»

Гарму тифлона механдад модарам. Хандан бесадову роздораш уқдакушоӣ мекунад. Ҳар гаҳе модарам механдад, ба пиндорам, хуршед механдад, мардуми дунё хуштолеъст. Бошадо, модаронро ҳамеша хандон бибинам!..

— Биҳез, уболаст бачам. Одам пеши по намегалтад. Зани Акбара бӣбар ду рӯзак дар ҳавлии очааш бигардад. Ҳолӣ айни меваҷот.

— Хӯб шудааст, очаҷон.

Ҳанӯз аз хоб нахеста, сари андешаи мошини кирокашӣ будам, ки Комил сар мехалонад. Дарӣ хонаи хобро мекушояд. Акбар сар таки кӯрна мекашад. Чавонзан ба Комил нигоҳ медӯзад, ки соз «нақш» бибозад. Муҳосил ба пиндоре, чӯз дар вайрона мехонад.

Ва соате пас арӯсро ба тӯрхалғаи пурсавғо, савори мошини сабукрав ба хонашон мебарем.

...Модарам чашм ба роҳ, омад-омади зани Акбарро мепоид.
Ҳафтаву моҳ мегузашт, дареғо, арӯси пакананди бенур, худоё, рангаш дар гӯр, хушдоманиро мефиребал, балки мефурӯшал, хеле аёрона мефурӯшал ӯро. Хушдоманеро, ки наволаи нонро бе ӯ намехӯрд, сахттар пой мемонд, банди дилаш меларзид. Онеро, ки модарона панд мехонд, имрӯз – душмани ҷонаш. «Морро ҳарчанд некӯ парварӣ, чун яке хашм оварад, кайфар барӣ»¹.

1
Моли Шайх Саъдӣ

пешина
аз 314
навбатӣ