Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

— Хола, гапата хонда-хонда бизан, — дармегирам навораи росткардаамро ба ҷояш гузошта. — Дар пеши мо нони хӯрдагиша заҳр мегардонӣ, дубаду дар косаи талҳақ обаш медиҳӣ. Сабаби ранги заъфарониш ту будай...

Аз нигоҳи хиҷолатзадаи модар лабон фурӯ мебандам.

— Ту безор бошӣ, мо дар кӯча намепартоемаш. Дар маҳалаш харакиву аспакӣ хостгор омаданота фаромӯш кардай?

— Пурт!

— Харат аз чӯбор парид-а?

— Ҳа! Бифаҳм, ки моҳу рӯзаш наздик, рӯғани зағираш биёр. Бегонавор наёву нарав!

— Ба тани сиҳат сабук шавад, пӯҷаш осон, лекин таънаҳои ту ба мағз-мағзи устухонам кора кард, — модарам аз лафзи бади ӯ ранҷида буд.

— Димоғат сӯхт?

— Сӯхт насӯхт, устухоншарик шудаем.

— Дунёра ба дилēб мехӯрӣ. Мову ту ҷанг дорем, на маслиҳат.

— Саг ҷанг мекунад, на одам. Ҷанг одама ба девонагӣ мебарад.

— Барои ту сагам? Дафъ шав, дар мурдаам наё!!

— Ба гапҳои ӯ аҳамият надеҳ, оча, — оштӣ медӯронад мову хушдоманашро апаам.

Таъом заҳр гашт. Соҳибхонаи берӯву риё кифтак зада, шарт мегузошт, ки минбаъд аз чанаракаш надароем. Хуб, ки тоҷи сарам ҳамроҳ буд, набушал чӣ балоеро ба сар мебурдам. «Дафъ шав!»-и мизбони бепадар ва бадзот ҷигарамро пора-пора кард. Сукут буд посухам.

— Анор биёрам, оча.

— Не, Осмонбика роҳакием. Хонаводаи Хайруллоҳи бачаи бобот ба хобам даромад, ки саргардонанд. Чизи вазнине набардор...

— Хуб. Додаракам, хабар бигир. Ҳар чизе менависӣ, мехонам, гирифта эҳтиёт мекунам. Шукри Худо, пайванди нависанда дорам, — ба хушнудӣ мегӯяд апаам.

— Ғам нахӯр, боз меоем. Ту ҳамеша дар ёди мой.

— Очама эҳтиром бикунед. Ӯ бо шумоҳо зинда... Як шабак намеистӣ, оча?..

— Худо ба тани сиҳат сабук шавӣ, боз меоем...

Яке аз хота санге ба шишаи тиреза мезанад. Аз ҷой як қад мепарем. Ба тақдири шуми сангандоз гусса мехӯрем. Мӯйсафеди

пешина
аз 314
навбатӣ