Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Ману модарам ба хона дер мерасем. Кампир азоби сахт мекашад, хашшасаш дар фалак. Муноҷоти ӯ ба парвардигор чӣ бошад? Алиҷонро мебӯяду аз чебаки ҷомаи пахтагин латтапечро ба хоҳарам дода, мегӯяд:
— Ҷӯбакора дар об ҷӯшонда биёр!

Момои ғамгусор аз гиряи наберааш дард мекашид. Дина ҳини намозхонӣ арӯси камакл, хм, шавлааш хӯрондааст. Лаб намекушояд, забони пир мардум захрогин менамояд. Бе ин ҳам аз рӯзи тавлиди бачааш ҷавонзан ҳавой раҳ мегардад. Аввалҳо сарашро дард мегирифт, гирдаш чарх мезад. Ҳафтаи гузашта фишори хунаш баланд хест, ҳамсояҳо давида омаданд. Ӯро аз ҳама охир дид. Медонад, арӯсҳо бо хушдоманҳо соз намегиранд, ҳар рӯз қадбақаду ҷанҷолу даъвобозӣ. Гаҳе барои озодагии хона насиҳаташ мекунад, не-е, намефорадаш.

Ба навҳаи кӯдак эътибор надода, модарам як пиёлача гармашоб мехӯронадаш. Ва даррав ба гоҳвора баста, маҳин-маҳин мечунбонадаш. Тайӣ оҳанги «алла» хобаш мебарад, хоби ширину бароҳате.

Гуфтори модарамро чу нӯшодору мепарастем.
Ӯ ҳикоят мекард, ки...

Дар баландии кӯҳистони Сари Ҳосор кулбаи фақиронаи бобои Афзалам бино буд. Ба обилаи кафи даст рӯз ба сар мебурд мардак. Пеши касе баҳушомад пари коҳе тамаъ намедошт. Дигаронро пеши бобои мо ҳочат меафтод, зеро дару тирезаҳои пурнақшу нигоре метарошид. Ҳунарманде буд беназир.

Арафаи тирамоҳ мӯйсафед аз шоҳу навдаҳои хушкидаи дулонаҳо дарза мебасту харакӣ мекашонд. Духтарҳош дастёрӣ мерафтанд. Падар, ки заҳри ятимиро чашида буд, ба тақдири фарзандон ибратбин менигарад.

Боре, онҳо айни ҳезумчинӣ ба хирси бадҳайбате дучор мешаванд. Бобом таъкид мекунад, ки натарсед, хирс хирси безор аст. «Кабкҷӯча»-ҳош дир-дир меларзанд. Ҳирс бошад, танашро ба дарахти азимҷуссае мемолад. Чормағзҳои расидаву нимхом ширрос ба замин мерезанд. Фӯкашро поён карда, шикамсерӣ мехӯраду ба паси теппа мегузарад хирс. Баъдан, бобом думбураашро аз хӯрчин бароварда, дар бармол аз дили пурандӯҳ фалаки даштӣ мехонад. Дар ғарибиҳо набуд, вале ғарибона нохун мезад. Мегӯй дашту даман мегирист ба ёди ёрони бармаҳалрафта.

пешина
аз 314
навбатӣ