Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
тунуке печонида, гирдашаклиашро намоён медорад. Дурахши нур куҷо суд? Ва ё табиат ҳам гиря дорад? Ташвиши модарам чандқарата афзудааст. Ин соҳат рӯҳи қоҳидаашро апаам бо хонаву дари кайҳо рӯфтаву обзада, гарду чанги курпаҳои сари торбандро афсонидааш мебардорад. Сонитар яке дег шуста, рӯған дог мекунаду дигарӣ картошкаву резапӣзро ба он андохта, таф медиҳад. Таъоми шомгоҳӣ мепазанд.
Сайлигул кайҳо нон баставу танӯрро пӯшонда, болои суфа аз чакка қурут мемолид. Апаам дока баста буд. Модарам муддате аз остони дарвоза ба ҳаракати ӯ зеҳн монда, шукрона мекунад. Ва ба забони лутфомез менавозадаш.
Мебоист модарам то гуруби офтоб ресмон мересид. Имсол аз даҳ гиром кирмак ҳосили фаровон супоридем. Ду-се қабзаи пасмондаашро аз байни шохҳо ҷудо карда, барои гулдӯзиҳои апаам нигоҳ дошт, ки чодари арӯсиш бе ришта намонад. Косагулҳои чодарро худаш нақш мезад. Ҳар гаҳе номи арӯсшавӣ ӯ гуфтугузори бачадореро ба рости апаам мешунидам, аз ӯ зиёда мешармидам, не, дармегирифтам. Дар гумонам, бо зару зевар баста бурдани Сайлигул баракат аз хонаи мо мепарад. Сахтсариҳо нишон медиҳам, ки аз хонаи мо ҷовидона наравад. Намефаҳмандам, чӣ чора? Пас-паси хона сурам мекунанд, гӯё ғамшон мефизоям. Охир, ман вайро дӯст медорам, «Дӯст бидорӣ, аз ҳолӣ дари бахташро мебандӣ?» - мепурсанд нигоҳҳои ғазаббор. Чаро на модарам ресмон мересаду на апаам нақш мезанад? Ҳа, сиёҳӣ-марги момои Ҳадича ба корашон пай задааст.
Хӯ, ана бозгашти савораеро аз миёни себзор ба мушоҳида мегирам. Падарам! Аспаш аз итоати ӯ намебарояд. Ҳоло марги момои Ҳадича дарак ёфта, мотамхона медарояду чаппасар омада, аз хона як тӯп маҳмал гирифта мебарад. Ба арвоҳи раҳматӣ фотиҳа мехонанд, мӯйсафедон.
Шаб, аҳли хонаводаи мо ба ёди кампири риштаи умраш канда мотам мегирад. Аз тарси волидайн баланд гап намезанем. Сӯзи абрӯвони гиреҳро мефаҳмем: намехандем, суруд намехонем, бозӣ ҳам намекунем. Менишинем дар гӯшаҳаке сарҳам, рӯ ба раҳми Худо. Агар бихандем, аз падар гӯшмол мехӯрем, оҳо, дар асп саворамон намекунад-е. Фардо модарам чанд навбат нон мепазад. Рӯзи мотам таъомхӯрии дулунҷа аз рӯи одоб нест, барои меҳмонони раҳдурӣ чой дам карда мебарад. Наход, ҳама

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё