Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

зад. Уқоб ду-се бор аз лонааш баромада, худро намоиш дод. Зог давродаври гирдсанге бо хониши хунук ӯро сӯзонда гузашт. Ин замон нав парида омада буд ва баъзе ҳамчинсони бегонаро намешинохт. Хониши нофорам ба дилаш зад ва якбора ба баландии қулла пар кашид. Ҳамакнун бошаст ба сари зог ҳамла овард. Чанголҳои тези чангаквор ба пархову гардани зог халида, нафасаш ба дарун ғалтид. Аз ҳамон дам ин уқобро зоғҳо таки чашм карда буданд. То ҳатто бузу гӯсфандон дар нигоҳи уқоб рамидан дошт. Пештарҳо, палос ёфта, ба дуибаи серрӯғани баррае чангол мезаду ба ҳаво мебардошт. Чӣ, ғурураш вайро тарк гуфтааст? Ҳаргиз! Аз воқеаи тану ҷонаш бадард омад, раҳмдил шуд. Парвозаш ҳам самти муқобил гирифт. Кадом нерӯе болои шахи баландиш кашид. Бишнасту саги сиёҳеро дид, ки барраеро дунболагир аст. Саг бозӣ надошт, ба тани барраи чингиламӯ девонавор дандон халонида, пӯст меканд. Бузу гӯсфандон ҷунбиш хӯрданд. На гов, на гӯсфанди модараш ҷуръати наздикӣ намекард. Барраҳак аз таки пойҳои саг раҳида наметавонист. Саги зирак аз гардани барра сар намедод. Вай мехост ин тӯъмаро сӯйи чуқурӣ кашида, хунолуд созад, бигираду бигрезад.

Манзараи ҷонсӯз аз нигоҳи уқоб дур намонд ва камғайратии ӯро якбора тарк гуфт. Болафшон ба фазо хест, муаллақ зад, соявор, ноаён паст фуромад. Саг барраро кашон-кашон мебурд. Яке дар бораи сараш соя афтид, раҳи гурез ҷӯст. Ба куҷо паноҳ шавад? Гову мол ҳар сӯ парешон. Бошаст давид саг. Ба фӯх мезаду медавид. Мегуфтӣ марг ҳамин дам ба думаш мечаспад. Оре, марг дар чашмонаш бозӣ дошт, марги бармаҳал. Саг шасти чанголҳои тезу бақуввати уқобро хӯрда буд, ҳа, дар ҳамин наздикиҳо. Бояд ба ин самт намеомад, лек нафаси бадаш баланди ҷон кашида овардаш. Он гаҳ хуб, ки ба ҳелчаи фурӯрафтани рӯбоҳ ё ҷайрае паноҳ бурд. Ҳолиё масофа то камари кӯҳ дур аст. Уқоб сайдро бозӣ медоронд, ки пастобаланд мерафт. Саг аз талвосаи ҷон ба пасаш як нигоҳ карду худро ба чуқурии пешорӯе зад, нисфи танаш ҷо наёфт. Баҳорвақт ҷониби кӯҳпоя давид.

Уқоби тезчангол дигар аз дуйболи сайд бол намезад. Танҳо аз баландии осмон ҳаракати сагро ба муоина гирифт. Ин карат саг ба андозае тез давид, ки поҳош баҳам печида, аз бари кӯҳ чар шуд, чанд гел хӯрд. Оромиши уқоб озмоише будааст аз баҳри савоб.

пешина
аз 314
навбатӣ