Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
По бипеҳ, ки наафтӣ. Ба хониш бидаро, нағз мешавӣ. Дида будӣ, аз ту бадтар ҳол доштам. Қаҳ-қаҳат гамамро кушт. Нарм-нармак биё, хуни похот медавад...
Надав, оҳиста биё. Бол назан, куҷоҷет зарб мехӯрад. Не, алъон хониш ҳам накун. Сиҳат шав, баъд мехонӣ. Биё, биё, расидем. Ҳо, ин ҷойи долон тахтачааш частагӣ, яке кӯл нахӯрӣ-а!..
Бийист, эй кабк! Ҳо-о, напарӣ ба рӯйи қати долон-а, мадорат намондааст. Биё, болой ин хоктӯдаи сафед гел бизан. Баҳор наздик. Гули сияҳгӯшат меорам, мехӯрӣ, «вох!» мешавӣ... Пару болакатро офтоб деҳ. Худо сиҳатат бикунад!
Дар бонги азон дӯсти дерин ба кулбаи ӯ расид. Баъди вохӯрӣ аз параи бағал кабки фарбеҳе баровард. Дилнод ҳамчинсашро таки чашм карда, хушт-хушт кашид, заифона. Ҷони кабк месӯхт. Модакабк гирди қафаси гулдор парвона гашт. Ба тахтачаҳо нӯл зада-нӯл зада, даричаашро харошид. Ҳине аз қуттича об мехӯрд, кабки даруни қафас ба ӯ нӯлбанӯл шуд. Ҳарду ором гирифтанд. Пасон, дар берун болу пар афшонда, побапову гарданбагардан печиданд. Маъюсии кабки ҷавонмард барҳам хӯрд. Нимшунаво нағма андохт. Чеҳраи соҳибаш гул кард. Кабкҳо рӯ-рӯйи қолинҳо думболагир ба сари кифтони ӯ меништанд. Ҷавонмард озод мехесту думбура пеши бағал, ғамангезу бадард менавохту шикаста мехонд:
Дар қаҳ-қаҳи кабк дусад чанголи боз аст,
Андар паи ҳар ханда дусад гиря муҳайёст.
Кабкҳо намефуромаданд аз сари кифтони ӯ. Овози думбураи падарро шунида, бачаҳакак ба рақс омад. Бо рез-рези ду тор падар ҷумбиш мехӯрд ва кабкҳо сари кифтонаш меларзиданд.
...Раҷабалӣ Камол кабки ромро сӯйи тирезаи боз раҳнамоӣ кард, ки бо ҳамҷинсаш дар ҳавои мушкбез каме қанотак бизананд. Ба осмони соф нигоҳ кард. Ӯро шитоб дар пеш аст. Фардо бо як зумра ҳамватанонаш ба зиёрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хоҳанд рафт. Шод аст, ки аз сӯҳбати бузургҳои олам ба хамели баёзаш дурдонаҳои маънӣ мекашад. Бо аҳли маъонӣ равони ӯ медамад, аз танаш дард мегурезад. Аммо кабкҳо меомада бошанд?
Меҳмононро хуш пазироӣ ва гусел карданд...
Ҷавонмард ба хонааш сим зад. Гӯширо писарак бардошт. Падар андешаманд аҳволаш пурсид, ниҳояти кор матлаби дилашро гуфт.
— Кабкҳо омаданд, ошно?..

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё