Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

мебурданд ҳамсолон ба дандонҳои сап-сафеди садафрангаш.

Падарам аз ҷой барнахӯста, аробае дар паси дарвозаи мо ғиҷиррос мебарорад. Аробакаш лаҷоми аспҳоро медорад. Чаҳор тан аз согуи он мефуроянд. Аъзои хоҷагӣ нонхӯрӣ омадаанд: се мӯйсафеду як мардаки бериш.

Модарам болои дастархон, пеши мардакҳо нону фатирҳои гармак мегузорад. Ҷилимчию офтоба ба даст, саҷок сари кифт дастҳошонро об мегирам. Таъриф мешунавам. Мардакҳо ба табақи калони резапӣ эту помидори обаралаш фатири гарми дастсӯзро пора-пора андохта, каф мезананд. Чунин бомазза лаб лесида мехӯранд, ки ба Худо, аз даҳонам об меравад. Падарам дар назди меҳмонҳо истоданамро хуш накарда, «ку рафта бин, асп ҷавша хӯрдааст» - мегӯяд. Чӣ сон бифаҳмонам: қадам ба тӯрба намемерасад. Хиҷолат мекашам. Хомӯш аз дар мебароям...

— Худо падаратро раҳмат кунад, зани Абдуллоҳ! Аҷаб шакароби бомаззае хӯрдем, — ба дасти чап ришашро мемолад бобои Алӣ.

— Давлати саркори мо ҳам — зани хидматгораш, — хушнудиашро инҳон дошта наметавонад амаки Ёрмуҳаммад.

— Ана, ҳар нимрӯзӣ мо ҳамин хел шакароб мехӯрем, — лукма медиҳад акаи Шариф. — Нону намакаш ба гарданмон қарз.

— Ин риски худатон. Илоҳӣ, дар танатон мисли гӯшти гӯсфанд бичармад, — пазирӣ мекунад коргаронашро падарам.

То гусели меҳмонҳо модарам чордаста хидмат мекунад. Омадаҳо дастҳо пеши бар аз хона мебароянд. Ароба аз ҷояш меҷунбад, чархҳош ғиҷиррос хӯрда кӯдакон аз пасаш медаванд. Аспҳо фирриҳос зада, чобуқтар мераванд. Падарам болои асп гӯё қад кашида, онҳоро мегузарад. Садои суми аспонро намешунавам. Равую додугири ҳамсояҳоро бо аҳли байтамон дида меандешам: модаракам кай дам мегирифта бошад?

Ҳа, нимаҳои тобистон деҳқонони хоҷагиро ба толор даъват кардаанд. Раиси паканаи кӯтоҳгардан номи рӯйхати фаъолопро аз назар мегузаронад. Ғалмагали даруни толор дер барҳам мехӯрад. Дастаи пионерон таҳти навои карнаю садои нағораҳо вориди дар мешавем. Аз номи мактабиён ба заҳматкашон дуруд мегӯям. Ҳамзамон дар васфи деҳқон як шеъраки шабқофия санҷидаамро мехонам. Таҳсин мешунавам. Нигоҳам ба рӯйи саф-сафи мардум мекӯчад. Падарамро дар иҳотаи аъзоаш мебинам. Гул мекунад рухсораҳош, сари ӯро

пешина
аз 314
навбатӣ