Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Бедорему бесоҳиб, агар не, ба ҳамин ғайрию валвала дунёро мегирем.

Дар намози зӯҳр ба манзили ошно расидем. Офтоб механдид. Малах ошиқона месуруд. Аз хоначаи оҳанин поён шудаму ҳуш аз сарам парид. Гаҳе худаш аз поймонаки оҳанин фуромамад, сарчархак шуд.

  • Во-ох! — дудаста ба параҳои рӯяш заду дар ҷояш як тоб хӯрд. - Соғу ба дара ғалтидааст! Хонаам сӯхт! Бачаи тағо, дард доштӣ як бор ба ақиб нигоҳ мекардӣ?

  • Дар ойинаи барат надидӣ соғуро?

  • Э, ту аҷоиб, а?! Сӯҳбат ширин шуд, ҳамаро фаромӯш кардем.

  • Мумкин дуои ҳамон мӯйсафедаки хунукхӯрда гирифт моро.

  • Э, занталоқа савор мекардам, мегалтиду мемурд-чӣ? Кӣ ҷавоб мегуфт? Малах!

Акаи Малах аз хашму андӯҳи гарон тез-тез миҷҷа зада, дандон месоиД, нос мекашид. Ба нишони ким-киҳо носазо мегуфт. Чаппасар баргаштем. Ҳамвора ба оҳани паҳлӯву матои гаранг кашидан тори сарамон бархӯрд. Аз сӯзиши дард қулуқ задаву лаб фурӯ мебастем. Соғуи оҳанин дар наздикиҳо намудор набуд. Малах намегиристу халос. Соғу ба дара рафта бошад, ба маҳкама мекашандаш, кӯдакҳояш нонгадо мешаванд. Чаро ба оҳани васлшуда соғу сим напечонд? «Думи асп»-и Малах ҳамсони барраи оҷагумкарда берун аз роҳ бари пушта мехобид. Яке соҳибаш онро диду ба ваҷд омад. Ва мо «дум»-и афтидаро ба пушти «асп» маҳкамтар бастему ба роҳи омадаамон бозгаштем.

Шаб дар хонаи амакбачааш Хурсанд меҳмон шудем. Ҳамсояҳоро ба дидорбинӣ хонданд. Сӯҳбати даври дастархон шира баст. Кӯҳистониҳо аз вазъи таҳдаштиён пурсида-пурсида сухан ба рӯзгори Малах омад. Ӯ, ки либосҳои рӯганолудашро баровардаву тайи шалвору куртаи сафеди варзишӣ назди бухорӣ аз гармӣ ҳаловат мебурд, лофи худситоӣ мезад. Мардон ширин-ширин механдиданд, ки ба сахтсарӣ оши худро соҳиб аст. Хурсанди соҳибхона аз амакбачааш таҳдор пурсид:

  • Мирзомалах, соғуи тракторро чӣ хел ёфтӣ?

  • Гумаш карда буд? - мувоҷҷеҳ шуданд ҳамсояҳо.

  • Аз худаш бипурс, авлоди мо шӯхӣ не, ба чарӣ ҳам медавонадаш.

пешина
аз 314
навбатӣ