Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

качпаҳӯ зад. Чароғҳои мошин ҳардуро нурборон дошт. Мардак ба ҳамсафараш пиёлаи чой дароз кард, нагирифт. Ин рафтори мусофирзан ба Маъруф хуш наомад, ки тез-тез хӯрда дастархони сафарнашро гундошту чароғҳоро кушт. Марям намедонист сарашро ба кадом кӯ бизанад. Тарси ӯ ба ваҳшат омехт. Фарёдрас мехост, овозаш дар мили камон руст монд. Э, шукр-е, пораи абр аз рухи маҳтоб гузашт. Маъруф аз чашма болон боло рафта буд.

Маҳтоб аз шонаи кӯҳ намудор шуд. Чир-чиракҳо хониш доштанд. Марям зиндаи ба мурдаҳо баробар буд. Калавида омад Маъруф. ба дасташ корди алмосранге. Бедилона мехонду куртаашро бароварда пеши синаашро мемолид. Ҳамели тирро ба гардан меовехту боз мефуровард. Мегуфт, ки гапаш дар замин бимонад, одамхӯр аст. Холиё мошинро тирборон карда, пагоҳ навашро мегирад. То кунун ҳар амалеро ҳадаф гузошта, ба мурод расидааст. Ва дасташро ба гардани мусофирзан ҳалқа меандохт, ки Марями чолок панҷаашро боздошт:
— Шарм намедорӣ, ба хоҳарат баробарам.
— Ин кӯрпачаву болишта барои ту овардам, нозанин.
— Бихез, дар оби чашма покиза шав, баъд гап мезанем.
— Фармонбардорам..., — вазнин хест Маъруф ва сӯйи чашма рафт.
— Рост гуфт, сару дахонама шуста, баъд ӯро ба оғӯш мекашам. Ба андоми хабата ба занҳо хуш намесой...

Мардак рӯяшро дар оби яхсону шафофи чашма шуста, сараш зери новча монда, хеле истод. Ба шонаи нимашикаста мӯйсари тунукашро батартиб овард, ки аз имтиҳони Марям гузарад. Маъруф сачоқ сари кифт нимҳушёр баргашт ва бе сухане аз банди дасти Марям кашида, фукашро ба бари рӯи ӯ мерасонид, ки як торсакӣ хӯрд. Ба пиндораш зан ҳамоно ноз дорад. Сари чаҳл дудаста бардошт ба замин хобондаш. Ҳамели тир ғалтид аз гарданаш. Ва дигарбора Марями сафедгарданро ба оғӯш мекашид, ки муште ба чашмаш бархӯрд. Дард кашид Маъруф ва туфангро канора гузошта, бо зан чанде бардорузан карданд. Марям аз таг ба ҷои нозуки мардак ба кулчаи зонуяш фуровард. Аз сӯзиши дард чорговак истод. Айш талх шуд мардакро. Ба худ омаду милтикро сӯйи занак гардонда бонг зад:
— Дароз бикаш, чалаб!
— Бад нагӯ, намедонӣ зотамро.

пешина
аз 314
навбатӣ