Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

дар кӯҳталрӯя манъ намекунанд. Фурсате баъд ба кӯҳу дара торикӣ мефурояд. Умед ба Яздони пок баста, зери лаб сура мехонду ба чоки гиребонаш ноаён суф мекард, ки ӯро то назди фарзандонаш тинчу осуда бирасонад, шармсори дӯсту душман нагардонад.

Дар ялангӣ шамол сахттар мевазид. Маъруф тирезачаи паҳлӯяшро пӯшиду шишаи калонро пойи фуроварда, чуқур-чуқур нафас кашид. Марям харос гирифт, ки яке ронандаро ганабаш бибараду мошин чаппа шавад, чӣ кор мекунад? Хонагиҳо ӯро пазмонанд. Чаро мошин ба дуроҳа тоб хӯрд? Марям ҳайрон монд. Омад омаду ба канори дашт ором гирифт. Мардак сарипӯши пеши мошинро бардошта, пойи рафт ва ду-се сатил об оварда рехт. Зан рӯймолашро болои чашмон кашида, худро ба хоб зад. Оромиши ӯ ба мардак хуш наомад.

Маъруф аз паси пуштмонак болишту кӯрпача, туфанг ва як хамел тирро берун кашид. Марям ҳаққонӣ тарсид, ки ӯ бебоку девонахӯст. Атром сиёҳ, дилҳо сиёҳ, рӯи Маҳтобро абри сиёҳ кашида буд. Ба димоғ ким-чӣ хел бӯйи ҳаромӣ мерасид. Калзоге болои сарҳо, дар баландии осмон «кар-р...»-гӯён гузашт. На аз дуру на аз наздик рӯшание намудор набуд. Уллоси шамоли болои адир монд. Мусофирзан як чашм ба пешу як чашм ба пас нигоҳ мекард, ки мабодо мардак ҳамлавар ӯро нимчон бисозад ва ҷасади хунолудашро дар сукунати шаб партофта бигрезад. Дар партави рӯшанӣ диду ҳавосаш пареш хӯрд, хаёле ақлаш гурехт. Ё тавбае мардак ҳам ин хел бадрӯ мешудааст: ришу мӯйлабаш ҷурз, чашмонаш гови ало, аз пушти дастон то орничу гарданаш пашм рӯйинда, мӯйсараш фателаи хабата, ангуштони пойҳои луб-лучаш дароз-дарози қачалаву нохунҳош нӯқез, каме кӯзапушт менамояд. Мегӯӣ Деви дагост. Маъруф ҳар нафас пеши рӯи Марям балафту хунукрӯ метобид. Саъдини ӯ чеҳрахандон, соҳибкалом ва марди тамом аст. Гуфта буд: «Марямбону, тавонӣ, ба рӯшанӣ биё. Агар не, ба роҳ набаро». Бо ин деви Даго чӣ шоиста рафтор бидорад? Имшаб вопасин шаб аз умри ӯ бошад? Як шабаки дигар ҳамроҳи модараш меистод, субҳ бармехосту бафурча бехавфу хатар мерафт. То ӯ ба хона мерасад, ки модари нотобашро ҳазору як андеша ба сафари бевақти духтараш гусса медиҳад.

Мардак болотар аз чашма кӯрпача партофт, болишт монд, рафта термос ва ду пиёла овард. Чунонки дар бӯстонсаро бошад.

пешина
аз 314
навбатӣ