Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Ваҳшӣ метарсонандаш. Ойим берун меояд. Хомӯшӣ. Ширмаҳтоб. Ин ҳол такрор меёбад. Вуҷудашро воҳима пахш карда, оқибат савдойӣ мешавад.
— Кампираки бечора...
— Дар ҳадиси пайғамбар омадааст, ки «Шавҳар-қиблай зан». Мову падарат аз рӯи ин ҳикмат зиндагӣ кардем.
Ва аз бахши занҳои солиҳа ҳикояте меорад, ки дар китоби «Заҳират-ул-мулук»-и аллома Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дучораш омадаам: «Расул алайҳиссалом фармуд агар якеро фармудаме, ки саҷдаи касе кунад ҳароина занро фармудаме, ки саҷдаи шавҳари худ кардӣ, аз бузургии ҳаққи шавҳар ба вай. Дар хабар аст, ки шахсе сафар кард ва завҷаи худро амр кард, ки то омадан аз сафар аз хонаи боло ба хонаи зер фурӯ наояд. Ва падари ин зан дар хонаи зер буд, бемор шуд. Он зан назди Расул алайҳиссалом одам фиристод ва иҷозат хост, ки аз хонаи боло ба дидани падар фуруд ояд. Расул алайҳиссалом фармуд, ки фармони шавҳар ба ҷой ор. Пас он шахс вафот ёфт. Он зан боз иҷозат хост, ки фуруд ояд. Боз фармуд, ки фармони шавҳар ба ҷой ор. Пас он шахсро дафн карданд ва он зан аз хонаи боло фуруд наомад. Расул алайҳиссалом фармуд, ки «инналлоҳа қад ғафара ли абиҳа би тоъатиҳо завҷиҳо». Яъне, «ба дурустӣ, ки Ҳақ ҷалла ва ҷало омурзид падари ӯро, ба баракати тоат доштани зан шавҳари худро».
Сӯҳбати апаву модарам шира мебаст. Одобшон олиҷаноб. Бомаъниву ҳикмат мегӯянд. Баробар аз ҷо мехезанд. Зуд аз паси шиг ҳалватгаҳе меҷӯям. Зинапояи чӯбинро боло мешавам. „Тори кохдон канорааст. Аз ваҷҳи суханчининам паноҳгоҳ мековам. Рӯ ба офтоби болои сарам, ба гарами кох такя зада, зорӣ мекунам, ки набинандам. Апаам хокистари танӯрро бо белчаи оҳанине меғундорад. Модарамро шитоби офтоб ҳадаҳа мекунонад. Ӯро ҷониби тали гӯзапоя равона дида, монандаи гурезагони наворҳо ба даври гарами кох тоб мехӯрам. Чоғахшавиям аз эҳтиром ба ӯст. Дарзае тори сар бармегардад модарам. Танӯрро метафсонад. Апаам болои рафида фатирҳоро рост карда, мухпар мезаналу рӯи тахтаи тунуки васеъ бинҳода ба нонпазхона мебарад. Оташро бозӣ доронда, мавчак мебарорад танӯри сурхрӯ. Ҳини ҳаму ростшавӣ аз гули оташ рухсораҳои модарам арғувонӣ гашта, қатраҳое ҷилоранг медамад, мисоли қатраҳои боронӣ. Ду кулчаҳаки ширмал аст рухсораҳои сафеди ӯ. Мӯйи сиёҳи дарозашро даври сар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё