Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

— Бибин, қабри гузаштаҳоро базӯр меёбем. Ана, медонӣ, соли таваллуд ё вафоти момаам кай буд?

— Дар ёдам нест... — падар ангуштонашро ҳисоб кард. — Таваллудаш хато накунам, соли гурезогурези босмачиҳову мӯҷараш паланг буд.

— Дар миёни гӯри бисёр чӣ хел меёбиш?

— Ба ёфтанаш чӣ ҳоҷат? Насиба будааст, хеле умр дид, паймонааш пур шулу рафт. Ҳама меравем.

— Агар мазори момаам санг медошт, азёд мегуфтиву озод меёфтӣ.

— Ба Худо, соли таваллуди худама намедонам.

— Айби кӣ?

— Сангтарошӣ дар мардуми мо анъана набуд-ку.

— Ҳисоби абҷада медонистем, зӯрамон намеомад.

— Ғами ҳамаро мехӯрӣ, якбора метаровӣ.

— Оянда болои гӯри ҳар кадомшон санг мегузорам.

— Дар сехи нав санг мебарориву мефарорӣ?

— Болои кӯрпача баҳузур мешинаму дар санг бодиққат нақш меканам.

— Ин ҳунари хуба кай ёд гирифтӣ?..

— Ду сол пеш дар аскарӣ.

— Бароят мушкил нест, бачам?

— Сангҳои паҳн пеши мо мегузоранд. Баъдан, онро ба арраи барқӣ якҷин бурида, насабномаро ба исканаву болға дар санг ҳарф ба ҳарф, нуқта ба нуқта ҳакокӣ мекунем.

— Кори нағз будааст, зик намешавӣ.

— Гуфтам, нангатон омад-ку.

— Бо мадади арвоҳи гузаштаҳо шифо меёбӣ.

— Омин! — дасти дуо бардошт Модар.

Ғарқаи орзуву ормонҳо, фориғ аз дилшикастагиҳо, аз шабҳои пешин дида имшаб андаке бароҳат хобид Убайдулло.

Барои ӯ ид буд, ҳамсафи одамон ба кор мерафт. Хушнуд буд, ки суръати чорчарха на аз таъсири по, бо пахши гази болои фармон ангеза мезад.

Ҷойи кораш аз хоначаи пастаку назарногире иборат буд. Сангҳои мармарро ба дами пармаи барқӣ доштаву лайс кунонда, ба нақши ному насаб искана мезад. Харидорон бештар меомаданд.

пешина
аз 314
навбатӣ