Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт

ОФТОБО, БА ҒУРУБ МАРАВ...
(қисса)

Эҳдо ба модарам

– Оҷае! О, оҷа...
– Хоб дидӣ?
– Хоб не, ширмаҳтоб дидам. Ба ситораҳо расидам. Тарсидам. Ба худо, парвоз кардам. Туро дидам, апаамро, ҳавлиро — ҳамаро.
– Парвозат паст буд ё баланд?
– Баланд аз абрҳо.
– Зуд фуромадӣ ё дер?
– Шаби дароз сайр кардам дар осмон.
– Хоби илоҳӣ дидай.

Аз болои теппаи сафедҳоки ҳамшафати наҳри равон ба осмон парвоз дорам. Поҳом аз рӯи замин чӣ зайл кандаст, намегунҷад ба тасаввурам. Худоё, ман парвоз дорам?.. Одам то бегуноҳӣ парвоз мекунад. Ё орзуи деринам буд ин парвоз? Чаро одамон парвозамро намебинанд? Агар бибинанд, аз поин ҳам сӯям нӯшханд мезананд. «Дидед, бачаи фалониро париҳо бурданд?..» То чанде баландтар пар мекашам, дилам ҳаво мегирад аз тарс. Ба кифтонам менигарам, ку пар дорам? На чун кабк пар баровардаам ва на уқобсифат бол. Фақат ду теғам паҳн кушода, равонам ба роҳи дур. Ин парвоз ба худам беҳад хуш меояд. Қариб ҳар шаб як маротиба рӯ-рӯи боғҳо, киштзор, кӯҳҳову дарахтобу рӯдҳову кӯлҳо дароз сайр мекунам. Беҳтарин ҳангом аз болои хонаи худамон дур намеравам. Чаро ки модарам лаҳзае набинадам, бачам куҷо шуд, гуфта ба сӯроғ мебарояд. То кунун ӯро наранҷондаам. «Касе модарро биранҷонад, кӯҳрӣ мешавад», — мегуфт холаи Гулбонуам. Ана,

аз 314
навбатӣ