Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
ки хондагӣ ҳасад мебурд. Навиштан ҳам ҳунари худодод будааст, ҷӯра.
— Пурсидан айб нест, чӣ менавиштӣ?
— Китоб! Э афандие, гумон мекунӣ китобнависӣ осон аст? Як ҳамсинфам ҳаваси нависандагӣ дошт.
Азоб кашида хонд, ба муродаш расид. Чандин сол пас дидамаш, дар сараш як торак мӯ нест. Баҷаи мардак қандаша занад, хондааст!
— Илтимос, тағоҷон, аспа набар... — Ҷумъа мисоли хурдсолони зӯъму якрав ҳамвора илтиҷо мекард, мехесту мешишт.
Мирзораҳим ба андеша афтод, ки аспро бибарад ё не? Дарвоқеъ, аспакӣ биравад, ҳамроҳаш танҳо азоби алим хоҳад кашид. Яке рамаро партофта бигрезад.
Дахмарда ришашро хилол кашида, дар рӯшании моҳи шомхӯрда сукут варзид. Пасон, амаки ботадбир дуъо хонд, Ҷумъа бошад, боадабона дастархонро ғундошта, гиреҳ басту ба даруни хӯрчин андохт. Ва ҳарду баробар бархоста, аз пайи рама шуданд. Ҳаво соф. Шаббода мевазид. Аҷаб зебояст, шабонгаҳи дашти сабзпӯш.
Чир-чиракҳо бетанаффус дар хонишанд. Дар бурҷи шарқӣ ситорае чашмак зад. Насими атромези баҳорӣ форамтар шуд. Дахмарда аспакӣ чанд маротиба гирду атрофи рамаро давр зад ва ба Ҷумъа фармуд, ки гӯсфандонро дур рафтан намонад. Ҷавон аз рафтори тағояш ҳайрон мемонд: ягон шаб хобравиашро намедид.
Шабҳои аввал деҳаро ба ёд оварда, маҳзун мешуд, қаҳраш меомад. Вале рафта-рафта одат кард, шабро ду тақсим сохтанд: вақти бедории тағояш ӯ сари хобашро мегирифту гоҳи рамабонии худаш... Боз тағояш «ғиромӣ» кард, чашмонаш кӯр шавад, хобравии вайро надид. «Ба чӣ ваҷҳ тағояш ӯро гӯлу гумроҳ мепиндорад-а? Лафз надоранд. Баъзеҳо! Имшаб ҳам эҳтимол ҳамон дастур бигзарад».
Субҳдам Ҷумъа аз овози тағояш бедор шуд, ки рамаро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё