Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

берӯзӣ ба даҳонаш расад, аз бинияш хун меояд», — гуфтани халқ ҳикмате дорад. Метарсам, ки ба сари Мирзораҳим фалокате омада. Иҳтимол аз пайи аспаш кофтани биойд-а? Қошқӣ! Ё, ки медонад... астағфируллоҳ аз хиёлҳои бад. Ба пеши бачақакоҳ сиҳату саломат баргаштанашро аз даргоҳи худованди карим шаб дар хобу рӯз дар бедорӣ орзу дорам!» Бобои Ҳаким ӯро нағз мебинад. Даҳ сол муқаддам, яъне то рӯзи даҳмарда шудани Мирзораҳим онҳо ба таъбире, ҳамнишину дастобрези якдигар буданд. Ончунон қарин гашта, ки баъзеҳо дугоникашон мегуфтанд. Баъд, зиндагӣ якеро аз паси рама бурду дигареро ба сари замини деҳқонӣ.
Даҳ баҳор мешавад аз сӯҳбати ҳам ҷудоянд ва танҳо дар маъракаҳо ёди ҳамдигар мекунанд. Бо вуҷуди ин ҳанӯз мӯйсафед зиёфате орояд, аввал мефармояд, ки «ҳаққи Мирзораҳимро ба хонааш баред». Бобои Ҳаким соли нахусти ба таҳдашт кӯчиданашро хуб ёд дорад...

Ба таҳдашт ҳамбида, сахт пушаймон шуданд. Замини яксара санглоҳ. На боғ ҳасту на роғ. Дилашон сӯхт ба ҳоли боғҳои бобой. «Сад дареғ, ки аз бесоҳиби нобуд мешаванд!... Тути бедона ба чанд дард даво, зардолуи қандак марҳами ҷон... Таъми ангурҳои хусайнию кишмиш ва себу ноқҳои серобаш умре аз даҳон намеравад...» — афсӯс мехӯранд онҳо.

Хоҷагидорон ба онҳо замин доданд. Пирамард паҳлӯи ҳамсояи собиқаш тархи хона кашид. Баъд аз сари падар бори зиндагӣ бар дӯшаш афтод. Мирзораҳим, ки дастёре надошт, шабҳо лой хобонида, саҳарӣ барвақт мехесту онро рӯйгардон мекард. Сипас, ҳамсараш лой мебурид, ӯ девор мезад. Ва пеш аз тулӯъи офтоб ҷониби саҳро мешитофт. Гаҳе дертар бармегашт, медид ки Ҳаким бо додаронаш деворро бардоштаанд. «Дӯсту бародари ҳақиқӣ...» — дастҳо пеши бар сухани дарқорӣ намеёфт. Падарҳошон ҳам — ҷӯраи дерина буданд.

Як бегоҳ ба хонааш одам фиристоданд, ки раис гап

пешина
аз 139
навбатӣ