Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

АдабиётҲикоя
Аз аввал хондан

Нигоҳаш мегуфт, ки чӣ гуна одамест. Марди паканае мӯзаҳо дар по, ришу мӯйлабаш ҷурз, миёнаш бо тасмаи паҳни афсарӣ баста, чиготҳош овезон, чашми кӯраш аз таровишҳои зиндагӣ бебаҳра, дидаи солимашро сӯи раҳии беодам гардонда, на аз касе қарздор будаву на ба ашхосе тангае дода, на аз одаме салом бигрифтаву на ба раҳгузаре сар ҷунбонда — аз замину замона норозӣ
— беҳавсала роҳ мепаймояд. Ӯ хиёлияст ё девона? На ину на он. Ё... магар девона бошад? Девона мебуд, ба роҳакие дашному ҳақорат боронда, сару рӯяш кафида, чандапӯш, паси шимаш дарида, ҳаросон, пуртарсу бим ин тарз оромӣ куҷо, ҳамчунон пуршавкуну бавалвала мерафт, мисли девонаи Шер! Э-э, як тора бурути ин аз Шери девона болотар дорад.

Шабе аз деҳи ҳамсоя бо халтаи пурсавғо ҷавонмарде ба хонаи Маҳмуд хостгорӣ омад. Чеҳраи соҳибхона гул кард. Чизи бисёраш фармуд, зангир музтар монд.
Холмоҳ, ки манзараи колаандозиро аз паси тиреза наззора дошт, ба номзадаш чеҳра намуд. Ва дар саросари Навдеҳ овоза бархост, ки хоҳари Маҳмуди якчашма бе базму бозӣ, бе тӯшаву табанг, бе дуову дуруди муллои никоҳгар дум гирифт. Мардак ранги саги девона шуд.
Ба чанд хона сар халонд, милтиқ кофт, ки рафта хоҳарашро мепарронад. Ҳамон шаб дар шоҳидии мардуми ҷамъомада ба фалонҳо савганд хӯрд, ки «на дар зиндагӣ ва на дар мурдааш бо ӯ қанҷиқ рӯ намебинад!»

Як моҳ, ду моҳ... солҳо сипарӣ шуданд. Маҳмуд хабараш нагирифт. «Зан синаи раҳм аст». Зор-зор мегирист Холмоҳ, ки на рӯи падарро ёд медиҳаду на чеҳраи гарми модарашро. Як бародар ҳам—душмани ҷонаш. Наход, ин дунёро бенишон, дастҳо тори сар падрӯд бигӯяд. Баъди сари ӯ чироғи хонадонашро кӣ меафрӯзад? Пас аз нӯҳ сол соҳиби писар шуд. Азиз номаш биниҳод, ба умеде ки азизи ҳамагон монад. Қошонааш бӯи тифл кард, аз эҳсоси хотирнишине дилаш об

27

пешина
аз 139
навбатӣ