Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
рӯмолак медавонд, ҷанги набударо меронд. Навболигон ба кушоиши маҳфил дилкашол, аз ҳиромоноии Гулафшон ба сина доғ моломол вуҷудашон мезирбид ва чашмон аз пайкараш намеканданд. Баногаҳ, аҳли зол бо намудоршавии Ҷаъфар Алӣ дар ҳалқаи гулчанбар чак зад ва мунтазири садои сухангӯ сар дар болини сукут ҳастанд.
Ҷону тани Садири Оламгир сӯхт, ки ӯро ба ровигӣ нахонданд ва ё донистанд овози хуб надорад. Ҳарчи буд набуд, ҳамин ҷо гӯё хати барқаш зад. Ташвишҳояш абас наравад, шуд. Боқӣ, чӣ ҳарзаҳое мегӯянд, ихтиёрашон. Ба ҳар ҳол, ровиро худаш интихоб мекард. О, дар минбари сухангӯён Бердибой чӣ мековад? Войе, аз найрангҳои Садир бохабар аст ва оламро месӯзонад. Гулафшон баробараш ҷумбид. Нигоҳаш ба нуқтаи сукунат кӯчид.
Ровӣ арз дошт, ки дар шоми муборак ҳамдилон, ҳамкорон ва пайвандони Ҷаъфар Алӣ ҷамъ омадаанд. Бибинед, қандилҳо фурӯзонанд. Меҳмонон аз роҳи дур расида меоянд. Ин шом дар таърихи фарҳанг бо хатҳои заррин сабт хоҳад монд. Соҳибҷашн батавозӯъ сар ба зер медошт. Нӯшбод мегуфтанд, қадрдонҳо.
Боғбони пир, якпал-якпал ба пешсаҳна омада, узрхоҳ гуфт:
— Бачам, иҷозат метӣ, як даҳан тап занум?..
— Хуб, аз рӯйи меҳр биё, то боло.
— Чигаргӯшаҳои бобо! Имрӯз маъракан фарзанди мо, ҳокими шумо, Ҷаъфарҷонай. Рости гап, ӯро ай Комили бачам ҳам, зиёдтар дӯст медорум. Гӯшам бод ёфт, ки ба нафақа мерафтаӣ. Не, додаро, хоҳаро, мо ба гусели вай зид мебуроем. Ба калонҳо менависем, ки ҳа-нӯз ғайрат дора, раъиятпарварай, бо мо бимона.
Ҳозирин дар пайравии мӯйсафед каф кӯфтанд.
Ҷилави сухан ба дасти ровӣ гирех хӯрд. У аз рӯи мартабаву манзалат баландгӯякро назди нӯшбодгӯён

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё