Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

рӯҳияи замон нигариста, бо эҳсосоти баланди инсонӣ ва зебоипарастӣ баҳо медиҳад.

Очеркҳои адиб дар китоб ва маҷмӯаҳои «Боғбони гули кӯҳӣ», «Ман заминро дӯст дорам», «Лимуи тоҷик», «Чӯи Навдиз», «Эҳёи Бешканд», «Чашмаи офтоб», «Ман чароғ афрӯхтам», «Ҷавпазак», «Нуҳ чанори Балҷувону Баҳманрӯд» ва ғайра интишор шудаву манзури хонандагон гардидаанд.

Дар ин маҷмӯа, ки ба муносибати 80-солагии адиби публитсист интишор ёфтааст, ба таъбири «муште аз хирвор» намунаи очеркҳои Бахтиёр Муртазо, ки тӯли солҳои гуногун таълиф гардидаанд, гирдоварӣ шудааст. «Хӯшаҳо аз киштаҳо» ном гирифтани он низ ҳикмат дорад. Киштаҳои публитсист ҳосили фаровон ба бор овардаанд, ки самараашон на танҳо ба наслҳои гузаштаву имрӯз, балки ба наслҳои оянда судманд буда метавонад. Зеро дар онҳо раванди ободкориҳо дар гӯшаҳои кишвари азизамон, ҷаҳду талош ва муборизаҳои ҷонфидоёнаи мардони далеру шуҷоъ, муборизони роҳи озодӣ, кашшофони заминҳои нав, хислатҳои неки инсонӣ - меҳнатдӯстӣ, фидокорӣ, қаҳрамонӣ, поктинатӣ, садоқату вафодорӣ, одамгарӣ, дӯстиву бародарӣ ва амсоли ин тасвир ёфтаанд.

Ин маҷмӯа бо ду очерки нависанда — «Садди сойи Оби Шӯр» ва «Бригадаи аввалини бетонрезон», ки аз силсилаи «Роғуннома» интихоб шудаанд, оғоз меёбад. Муаллиф чандин сол боз ба омӯзиши ҷараёни сохтмон ва ҳаёту фаъолияти қаҳрамононаи нурофарони Роғун машғул аст, ки ин силсила шаммае аз натиҷаи заҳматҳои ӯ ба шумор меравад.

Мавриди тазаккур аст, ки сойи Оби Шӯр дар поёни сарбанди неругоҳи Роғун ва дар наздикии резишгоҳи нақбҳои сохтмонӣ аз соҳили чап ба рӯди Вахш ҳамроҳ мешавад. Бахусус дар фасли баҳор обҳои ин сой барои сарбанди неругоҳ хеле хатарнок будаанд.

Агар дар очерки «Садди сойи Оби Шӯр» заҳматҳои

пешина
аз 263
навбатӣ