Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
МУРОД МУРОДӢ,
доктори илмҳои филологӣ,
профессор, устоди Донишгоҳи
миллии Тоҷикистон
СИТОИШИ КОРНАМОӢ ВА САДОҚАТИ
МЕҲАНПАРАСТӢ
Бахтиёр Муртазо аз зумраи адибонест, ки ба майдони эҷоди бадеӣ тавассути публитсистика шомил гардидаанд.
Дар ташаккули мактаби нависандагии ӯ муҳити рӯзноманигорӣ ва фаъолияти публитситӣ таъсиргузор будааст. Ин соҳаи эҷод ӯро водор намуда, ки ба дарки ҳаёти иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд, хислату характер ва олами ботинии одамони дорои касбу кори гуногунро амиқтар омӯзад, ба зиндагии иҷтимоӣ жарфтар сарфаҳм равад, фикррониашро сайқал диҳад, ҷаҳонбиниашро вусъат бахшад ва ба ин васила, мактаби бузурги зиндагӣ ва одамиро маърифат кунад. Адибе, ки аз мактаби одамият баҳра набардоштааст, ба моҳияти оламу одам сарфаҳм нарафтааст, дар роҳи эҷод мустақил буда наметавонад. Бахтиёр Муртазо натанҳо дар роҳи эҷод мустақил аст, балки мактаби эҷодии худро ташаккул додааст. Ин мактаб дар заминаи жанрҳои гуногуни публитсистӣ ва бадеӣ ташаккул ёфта бошад ҳам, дар он очерк мақоми хосса дорад.
Ба ин мазмун, ҳарчанд Бахтиёр Муртазо дар жанрҳои
гуногун: повест, қисса, романҳои мустанад ва амсоли ин
асарҳо эҷод намудааст, аммо ҷавҳари асосии эҷодиёташро
очерку қиссаҳои публитситӣ ташкил медиҳанд. Дар ҳикояву повест ва қиссаҳояш низ шамими очерк ба машом мерасад, зеро ӯ ба воқеаву ҳодисаҳои замон, вазъи ҳақиқии
рӯзгор ва одамон, аз назари таърихию иҷтимоӣ ва талабу

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё