Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Ҷовидон аст, ҳунар ҷовидон аст ва ҳамеша бо оне, ки ҳунаршинос аст, хоҳад буд.
Ин дақиқназариву ин аниқбинӣ, шинохтани тобиши ҳар ранг, донистани ҳар гиёҳ, ҳар бутта, ҳар дарахт, ҳар гул, ҷудо кардани бӯю нақҳат, дарёфтани навои гуногуни мурғакони гуногунро ҳангоми мутолиаи тарҷумаи тоҷикии «Садбарги зарин»-и нависандаи бузурги рус Константин Паустовский эҳсос кардаам. Вақте ки ин асари безаволро ба русӣ хондам, ба худ гуфтам, ки касе инро ба тоҷикӣ тарҷума карда наметавонад. Зеро дар шинохти рангу бӯ, гулу бутта, паррандаву чарранда он қадар моҳир нестем.
Аммо Бахтиёр тавонист! «Садбарги зарин»-ро дар тарҷумаи ӯ (Ирфон, с.1983) хонеду қоил шавед!
Ана, чанд мисол:
- «Офтоб тулӯъ намуд ва кишвари бо фаввораҳои об печидаро ба рангҳои мухталифе ғарқа кард, ки чунин рангҳо ҳангоми акси шуоъҳо аз зарфҳои булӯрин пайдо мешаванд.
Ин кишвар чун камарбанди олмосӣ медурахшид, ки гӯё худованди осмону рӯшноӣ онро дар соҳили баҳр фаромӯш карда бошад».
-
«Садои наъл, шакарроси чарх дар роҳи санглоҳ, ларзиши рессори фойтун, тап-тапи борон дар боми фойтун баландтар ба гӯш мерасиданд. Ва аз тиреза ҳам бӯйи алафи тар ва шиварзор бештар меомад».
-
«Аррамайдаҳо чун фаввораҳои дароз мепариданд, вале шир-шири ҳамеша дилгашкунандаи арра дар ин ҷо бо кадом сабабе нарму ҳираранг мебаромад».
-
«Сипас тарафи майдони бозор шитобида, ҳайрони турфа бӯю тафҳо шудам. Бӯйи шибит, саргини асп, чалакҳои кӯҳнаи моҳии намакин, шамими бухӯр аз дари кушодаи куништ, ки он ҷо ҷанозаи касеро мехонданд, ба димоғ мерасид, аз паси девори тахтагини баланду хокистарранг бӯйи баргҳои хазонрасида паҳн мешуд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё