Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Донишҷӯӣ ва хизмати ҳарбӣ якҷоя ҷараён мегирад. Шералӣ
бо Мафтун дар Техникуми кӯҳшиносӣ ва геологияи шаҳри
Душанбе таҳсил менамояд. Дар соли аввали таҳсил онҳо
дар як ҳуҷраи хобгоҳ истиқомат намуда, якҷоя дарс тайёр
мекарданд. Якҷоя ба пахтачинӣ мераванд ва якҷоя ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд. Шералӣ бисёр мехост, аз
шарикдарсаш дарси варзиши бадан омӯзад. Зимни сафар
ба хизмати ҳарбӣ, ҳангоме ки Шералӣ ва Мафтун дар дохили қатора ба варзиш машғул буданд, Ҷобирбек ба назди
онҳо омада, хоҳиш менамояд, ки ҳамроҳи онҳо ба варзиш
машғул шавад, то дар ҳолати зарурат ба муҳтоҷону дармондагон ёрӣ расонад. Мафтуну Шералӣ хоҳиши Ҷобирбекро бо хушӣ мепазиранд. Дар ду соли хизмати ҳарбӣ ҳар
се на танҳо ҷисман обутоб меёбанду таҷрибаи зиндагӣ меандӯзанд, балки ба ҳам қарин мегарданд. Дар ин муддат
аз рози ҳамдигар бохабар буданд, ҳатто номаҳои ҳамдигарро мутолиа мекарданд. Маҳз дар хизмати ҳарбӣ онҳо
аҳди бародархондагӣ мебанданд ва ба ин аҳди худ содиқ
мемонанд. Ҷобирбек, ки дар комбинати маъдантозакунии
Анзоб кор мекард, бо исрори Мафтуну Шералӣ розӣ мешавад, ки пас аз адои хизмати ҳарбӣ ба Техникуми кӯҳшиносӣ ва геологияи шаҳри Душанбе дохил гардад. Баъди хатми
техникум Мафтуну Шералӣ дар нақби обрасонии Данғара
ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз менамоянд. Ҷобирбек ҳам пас
аз як сол техникумро тамом карда, ба сафи онҳо мепайвандад ва минбаъд фаъолияти меҳнатии ҳар се якҷоя ҷараён
мегирад. Баъди оиладор шудан низ дӯстиву рафокати оилавии онҳо давом мекунад. Бо оғози корҳои сохтмонӣ дар
нақби нақлиётии Анзоб фаъолияти дӯстон дар ин иншооти
барои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ муҳим идома меёбад. Баъди
сар шудани нооромиҳои сиёсӣ дар ҷумҳурӣ ва муваққатан
қатъ гардидани корҳои сохтмонӣ дар нақби Анзоб се нафар дӯстон чанд сол дар сохмони метрополитени майдони Ногини
Маскав фаъолият менамояд. Бо дубора шурӯъ гардидани

пешина
аз 263
навбатӣ