Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Фавти волидон хотири онҳоро гиромӣ медошт. Кӯшиш менамуд, ки васиятҳои падарро иҷро намояд. Ба додари худ – Меҳрафзун ва фарзандони ӯ меҳру самимияти хос дорад. Инчунин шавҳари меҳрубон ва падари ғамхор мебошад. Ҳамсари худ – Фарогатро бениҳоят дӯст медорад ва муҳаббаташ бо ӯ самимист. Мисли ҷавонони булҳавас на аз барои пулу мол, на ба хотири ба даст овардани обрӯю эътибори сунъӣ ва на ба хотири ба зинаҳои баланди мансаб расидан бо духтари ягонаи академик ва вазир оила барпо мекунад, балки қадду баст, симо ва рафтору кирдори Мафтун ба духтари вазир писанд меояду Фарогат кӯшиш менамояд, ки ӯро ба доми худ дарорад. Баъди оила бунёд кардан бо Фарогат кӯшиш менамояд, ба ҳамсари худ ёвару мададгор бошад. Ӯ мекӯшид, ки ҳамсараш аз ягон ҷиҳат танқисӣ надошта бошад. Махсусан ҳангоми ҳомиладор будани Фарогат Мафтун баъди кор зуд ба хона омада, дар корҳои хона ба ӯ ёрӣ медод. Ба тамоми инҷиқиҳои ҳамсари нозпарвараш токат менамуд ва бовар дошт, ки таваллуди фарзанд боиси устуворӣ ва пойдории оила мегардад. Махсусан пас аз таваллуди нахустписар меҳри ӯ ба ҳамсараш дучанд афзун мегардад, ва барои тарбияи ҳамаҷонибаи фарзандаш – Мамнун кӯшиш менамояд. Мафтун бо тамоми ҳастӣ барои устувории оилааш талош мекунад. Баъди он ки Фарогат ӯро тарк карда, ҳамроҳи писарчааш ба хонаи падараш меравад, ӯ талош менамояд, Фарогатро ба ифоқа оварда ҳамроҳи фарзандаш ба хонааш баргардонад, аммо, вақте ки Фарогат ӯро шунидан намехоҳад, Мафтунро азоби рӯҳии зиёд мекашад, дар вуҷудаш эҳсоси пушаймонӣ пайдо мешавад, ҳатто шабона аз бедорхобӣ ранҷ мекашад ва оқибат ин бедорхобӣ ҷисму ҷони ӯро абгор месозад.
Ягона камбудии қаҳрамони асосии романи «Нақби Истиқлол»-и нависанда ва публитсист Бахтиёр Муртазо дар он аст, ки ӯ дар ҳаёти шахсӣ муваффақ нест [ниг.:5,с.53].
Дар замони донишҷӯӣ фирефтаи чеҳраи зебо, ҳусну лато-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё