Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Вале сохтмони нақби Анзоб ба миён меоянд, ӯро бетараф гузошта наметавонанд. Ӯ доир ба ҳар як проблема муҳокима меронад, муқоисаву таҳлил мекунад ва хулоса мебарорад. Пеш аз ҳама дар солҳои ҳокимияти шӯравӣ бо сабаби нарасидани васоити техникии ҳозиразамон тӯл кашидани сохтмони нақби Анзоб ӯро ба андеша водор менамуд. Ӯ дар бораи он фикр мекард, ки сохтмони чунин иншооти муҳим ба хоҷагии халқи ҷумҳурӣ манфиати зиёд меораду кашондани молу маҳсулот тавассути он осон ва якчанд маротиба арзон меафтад, вале аз чӣ боис баъзе масъулин барои зудтар ба анҷом расидани он манфиатдор нестанд?
Ӯ сохтмони нақби Анзобро бо нақби обрасонии Данғара, нақби понздаҳкилометри Северомуйски Шоҳроҳи Байкалу Амур (минтақаи кӯҳсори Бурятистон), нақби чилу ҳашткилометри Арпа-Севан дар Арманистон муқоиса намуда, барои саривақт ба анҷом расидани чунин иншоот ёрии дастҷамъонаи тамоми ҷумҳуриҳои собиқ шӯравиро зарур меҳисобад, дилсӯзии роҳбарони сатҳи болоии ҷумҳурӣ ва ташкили дурусти корро муҳим медонад. Ҳангоме ки Мафтун зимни суҳбат бо падарарӯсаш мефаҳмад, ки сабаби кашол ёфтани нақби Анзоб бад гардидани муносибати шахсии вазири нақлиёти Иттиҳоди Шӯравӣ бо яке аз мансабдорони баландмақоми ҷумҳурӣ мебошад, дар бораи он андеша меронад, ки аз муносибати шахсии ду роҳбар як сохтмони азим, ки барои ободонии Тоҷикистон ниҳоят зарур аст, зарар мебинад [ниг.:7, с.151]. Вақте ки ӯ аз заминларзае, ки соли 1966 дар пойтахти ҷумҳурии ҳамсоя ба амал омада буд, огоҳ мегардад, ба кордониву дурандешии роҳбари ин ҷумҳурӣ, ки ҳодисаи нохуши табиатро барои ободонии тамоми кишвараш моҳирона истифода бурда тавонистааст, аҳсан мехонад ва аз ноуҳдабароии роҳбарони онвақтаи ҷумҳурӣ бисёр афсӯс мехӯрад. Дар умум чунин муҳокимарониҳои Мафтун дар асар ниҳоят зиёданд ва ҳақ ба ҷониби муҳаққиқ М. Муродӣ аст, ки ин гуна андешаҳои қаҳрамони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё