Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
баста мегардид. Аз ин рӯ мардуми ҷамоати Зидеҳ, ки дар фасли зимистон моҳҳои зиёд дар муҳосира мемонданд, қадри роҳро хуб медонистанд ва роҳсозию роҳкушоиро кори хайру савоб меҳисобиданд. Шояд ҳамин омилҳоро ба ҳисоб гирифта, нависанда қаҳрамони асосии асарро маҳз аз ин мавзеъ интихоб карда бошад.
Симои Мафтун дар асар ҳангоми муҳорибаи ӯ бо юз падид меояд, ки аз ин далериву ҷасорати Мафтун ба хубӣ аён мегардад. Ҳайвони дарранда субҳидам ба оғили бузу гӯсфандони оилаи Мафтун ҳамла намуда, бузғолаи дӯстдоштаи ӯ – Чамангулро тӯъмаи худ мекунад. Мафтун далерона бо юз ҷангида, ба воситаи панҷшоҳа онро аз по зада меафтоналу сипас аз думи он гирифта, бо суръати зиёд тоб дода, сари даррандаро якчанд маротиба ба девор мезанад ва бо ҳамин ҳисобашро бо ҳайвони дарранда баробар менамояд. Баъдан нависанда аз муборизаи Мафтун бо саркардаи галаи гургон, ки чанд сол қабл дар кӯҳпоя ба вуқӯъ пайваста буд, ёд мекунад, ки ин ҳам баёнгари далериву шуҷоатмандии қаҳрамони асосӣ мебошад. Ҷасорату мардонагии қаҳрамони асосӣ дар асар на танҳо ҳангоми муҳориба бо юз, балки ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ низ ба назар мерасад. Ӯ дар хизмати ҳарбӣ ҳомии тамоми ҳамхизматон буд ва намегузошт, ки сарбозони кӯҳнахизмат ба наваскарон дагалӣ намоянд. Инчунин ҳангоме ки ҷавонони авбош дар қаҳвахонаи «Сарез» бо духтарон муносибати дағалона мекунанд, Мафтун бо дӯстонаш – Шералӣ ва Чобирбек аз худ шуҷоатмандӣ нишон дода, адаби ҷавонони авбоши навбаромадро медиҳанд.
Мафтун соҳиби азму иродаи қавӣ мебошад. Шояд аз ҳамин боис нависанда ӯро ба уқоби кӯҳие монанд мекунад, ки ҳаргиз дастомӯз нахоҳад шуд. Роҳи интихобкардаи ӯ ягона аст ва касе ӯро аз ин роҳаш баргардонда наметавонад. Ӯ касби худро ниҳоят дӯст медорад ва ҳамеша барои такмил додани он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Аз касби хеш ифтихор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё