Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
нерӯи барқ қатъ мегардад, вале 250 метр нақб канда мешавад. Ҳамин тавр, дар соли 2005 суръати нақбкани моҳ аз моҳ зиёд мегардид ва дар моҳи декабр 640 метр нақб канда, рекорди ҷаҳонӣ гузошта мешавад. Ин муваффақиятҳо ба шарофати ташкили дурусти кор бо роҳбарии муҳандиси донишманду моҳир Алӣ Мӯсавӣ Раҳимӣ ба даст омад. Байни бригадаҳои ҷанубу шимол мусобиқа ташкил шуда буд ва ғолибони мусобиқа ҳавасманд карда мешуданд. Дар ин мусобиқаҳо аксаран дар самти ҷануб бригадаи Мафтун ва дар самти шимол бригадаи Шералӣ ғолиб меомад. Фаъолияти бригадаи Ҷобирбек ҳам хеле хуб буд. Аз тарафи ин бригада корҳои мустаҳкамкунии минтақаҳои резишӣ ва бетонпӯшӣ бо сифати аъло анҷом дода мешуд ва роҳбарият аз кори аъзои он розӣ буд [ниг.: 7, с. 316-317].
Дар яке аз мавзеъҳои нақб шуоъҳои зарарнок аз меъёри муқаррарӣ зиёд буданд, ки ин ба саломатии нақбканон таъсири бад мерасонид. Мувофиқи паймони пешакӣ барои анҷом додани корҳои нақбканӣ дар ин мавзеи зарарнок Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ бояд бо муассисаи дигар қарордод ба имзо мерасонд. Аз ин рӯ дар мавзеи дорои шуоъҳои зарарнок сохтмони нақб якчанд рӯз қатъ мегардад, аммо мудири пружа Алӣ Мӯсавӣ Раҳимӣ баъди машварат бо мутахассисони эронӣ ба хулоса меояд, ки ба хотири халалдор нагардидани суръати корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати мақраргардида ба истифода додани нақб кор дар ин мавзеъ давом дода шавад. Дар рӯзҳое, ки кор дар ин мавзеи ба саломатии инсон зарарнок ҷараён дошт, мудири пружа дар паҳлуи нақбканон буд ва барои ҳифзи саломатии нақбканон аз шуоъҳои зарарнок мувофиқи тавсияи мутахассисон чораҳо меандешид [ниг.: 7, с. 317-320].
Бар замми ин, дар баъзе мавзеъҳо об фаввора зада резишҳои зиёд ба амал меомад. Мувофиқи нишондоди мудири пружа чунин мавзеъҳои резишии нақбро аввал бо бетон пур карда, баъдан даруни бетонро ҳаффорӣ мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё