Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

АдабиётМаърифат
Аз аввал хондан

шуд. Аз шунидани ин хабар дар дили Мафтун шуълаи умед фурӯзон мегардад ва ӯ акнун дар бораи дӯстии Тоҷикистон ва Эрон ва пешрафту равнақи тоза гирифтани корҳо дар сохтмони нақби Анзоб андеша мекард, зеро медонист, ки дар Эрон барои бунёди нақбҳо техникаи ҳозиразамон истифода бурда мешавад. Ӯ бо чунин андешаҳо ду рӯзи истироҳаташро дар ҳалқаи хешвандону ҳамдиёрон гузаронда, бо маҳсулоти хӯрокворӣ ба назди ҳамкорон бармегардад [ниг.: 7, с. 280-285].

Баъди чанд муддат дар ситоди сохтмони нақби Анзоб мулоқоти намояндаи ширкати «Собир-байналмилал»-и Эрон доир мегардад ва Мафтун аз суҳбат дар бораи ин ширкат маълумоти хуб пайдо мекунад. Аз ҷумла воқиф мегардад, ки ин ширкат дар бунёди нақбҳо ва садҳои обрасонӣ саҳми калон дошта, дар Эрон 16 садди бузург сохтааст. Аз ҷумлаи садди аз ҳама бузурги Қорун Се дар мавзеи Хузистони Эрон, ду канали калон ва як садди бузург дар Ҳайдарободи Ҳиндустон аз тарафи ин ширкат эъмор гардидааст. Ин ширкат ҳамчунин дар полоишгоҳи оби нӯшокии шаҳри Марви Туркманистон саҳм гузошта, дар Ӯзбекистон низ шабакаи насосҳои обкашӣ сохтааст. Дар Кобулу Мазори Шариф низ иншоотҳо бунёд кардааст. Аз суҳбати намояндаи ширкати «Собир-байналмилал» Мафтун ба хубӣ дарк менамояд, ки бародарони эронӣ дар бораи шароиту маҳалли бунёди нақби Анзоб ва аҳамияти он дар ҳаёти ҷумҳурӣ маълумоти хуб доранд. Аз ҷумла зарурати сохтани иншоотҳои зидди тарма ва бунёди нақб дар мавзеи дуртар аз Майхура зикр карда мешавад. Мутахассисони эронӣ панҷ ҷиҳати душвору фарқкунандаи сохтмони нақби Анзобро аз дигар иншоотҳои ҳамсон баён медоранд [ниг.: 7, с. 285-289].

Дар марҳилаи аввали татбиқи лоиҳаи нақби Анзоб муҳандисон Бурҳонӣ ва Мунтазирӣ роҳбарии онро ба зимма доштанд. Дар давоми чанд моҳ мошинолоту таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии зарурӣ ба маҳалли сохтмон оварда ме-

пешина
аз 263
навбатӣ