Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
хиҳо мекофтанд ва мавқеи худро ба тарқишгарон дода, ба паноҳгоҳ мерафтанд ва баъди тарқиш сангу хокро ба мошин бор мекарданд. Дар ҳолати зарурат мошинҳои боркашу бокунандаро низ идора карда метавонистанд. Мафтун борҳо дар дохили нақб тарқишҳоро шунида буд ва борҳо аз садои чунин тарқишҳо гӯшҳояш қуфл зада буданд, вале садои тарқише, ки баъди «аз назарам гум шавед!» гуфтани Фарогат ба вуҷуд омаду на танҳо ҷисму ҷон, балки қалби ӯро низ ба ларза овард, ҳаргиз аз ёди ӯ фаромӯш нахоҳад шуд... Ӯ тасаввур менамуд, ки ғайр аз хоросанги роҳи нақбгузар дар сари роҳи ӯ хоросанги дигаре низ мавҷуд аст, аммо агар хоросанги роҳи нақбгузарро бо дӯстону ҳамкорон тавассути воситаҳои техникӣ бартараф намояд, тасхир намудани хоросанги дуюм, ки қалби Фарогат мебошад, танҳо бо сабру таҳаммул имконпазир хоҳад шуд. Ӯ бовар дошт, ки ба ин кор қодир аст... [ниг.: 7, с.254-257].
Баъди анҷоми басти якуми кори Мафтуну шогирдонашро Шералӣ бо аъзои бригадааш иваз мекард. Ду дӯсти ҷонӣ дар сохтмони нақб ҳаммусобиқа буданд ва кӯшиш мекарданд, ки нақшаи ҳаррӯзаро барзиёд иҷро намуда, аз ҳамдигар қафо намонанд [ниг.: 7, с.255-257].
Баъди чанд муддат дар ҳайати роҳбарии сохтмони нақби Анзоб тағйирот ба амал меояд. Ҷумъахони Зуҳур раиси ширкати давлатии «Нурафзо», ки ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ машғул буд, таъйин гардида, сарварии сохтмони нақб ба Санъат Раҳим бовар карда мешавад. Роҳбари нав низ шахси кордону пуртаҷриба буда, дар нақби обрасонии Данғара як қатор вазифаҳои масъулро иҷро карда буд ва Мафтуну рафиқонаш ӯро хуб медонистанд. Ӯ низ аз кори нақбсозӣ ба хубӣ огоҳ буда, дар ҳолатҳои зарурӣ бо сардорони бригада маслиҳат мекард. Боре Санъат Раҳим дар асоси маълумотҳои геологӣ ба Мафтун хабар медиҳад, ки дар наздикии қитъаи кории бригадаи ӯ ҳавзи об мавҷуд аст ва ҳангоми кор агар об фаввора зада барояд, саривақт роҳ-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё