Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Кашол ёфтани ин сохтмонии муҳим бад гардидани муносибати шахсии вазири нақлиёти Иттифоқи Советӣ бо яке аз мансабдорони баландмақоми ҷумҳурӣ мебошад. Падарарусаш ба Мафтун ҳамчунин дар бораи заминларзае, ки моҳи апрели соли 1966 дар пойтахти ҷумҳурии ҳамсоя ба вуҷуд омада буд, сухан мекунад ва таъкид медорад, ки роҳбари ҷумҳурии ҳамсоя ин ҳодисаи нохуши табиатро барои ободонии тамоми кишвараш моҳирона истифода бурда тавонист. Дар вақти рафтани Мафтун падарарӯсаш аз ӯ дар бораи пешниҳоди муовини вазир пурсон мешавад ва Мафтун ҳис мекунад, ки пешниҳоди дохил шудан ба шуъбаи ғоибонаи Институти кӯҳшиносии Тула ва «баъди хатми курси якум ба вазорат ба кор мегирем» гуфтани муовини вазир бо маслаҳати падарарӯсаш шудааст [ниг.: 7, с. 151-156].
Дар роҳ Мафтун дар бораи суҳбати бо падарарӯсаш анҷомдода фикр карда, ба кордонию дурандешии роҳбари ҷумҳурии ҳамсоя офарин мехонд ва рафтори роҳбарони мақоми аввали ҷумҳуриро бо он муқоиса намуда хулоса мебаровард. Ӯ дар роҳ ҳамчунин хабар меёбад, ки муовини вазир шогирди падарарӯсаш будааст. Ғарқи чунин андешаю муҳокимарониҳо Мафтун чӣ тавр ба зодгоҳаш Зидеҳ расиданашро намефаҳмад ва дар гардиши паҳлуи қасабот аз мошин фаромада, муовини вазир ва ронандаи ӯро ба як пиёла чой даъват менамояд. Муовини вазир ба ин пешниҳоди Мафтун ташаккур баён намуда, изҳор медорад, ки бояд ҳаво торик нашуда ағбаи Анзобро убур намоянд, зеро бо раиси Муллораҳим Аслиддинов каме маслиҳат доранд ва шабро дар ҳавлии раис сипарӣ хоҳанд кард. Мафтун ҳам ба ҳамсафаронаш роҳи сафед орзу намуда, ба хона медарояд. Писарчааш Мамнун тозон омада худро ба оғӯши падар мепартояд. Мафтун савғотиҳои овардаашро ба писараш месупорад. Бегоҳӣ Фарогат аз кор баргашта, аз Мафтун дар бораи суҳбат кардан бо падараш пурсон мешавад. Мафтун ҳис менамояд, ки падарарӯсаш маҳз бо дархости Фарогат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё