Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Мафтун ҳамчунин дар бораи он фикр мекард, ки дар фасли зимистон кашондани масолеҳи зарурӣ тавассути роҳи дуру гирдогирди Душанбе-Самарканд-Ленинобод, ки дарозии он беш аз якуним ҳазор километр мебошад, ҳашт маротиба гаронтар меафтад. Аз ин сабаб роҳи ягонаи ҳалли мушкилот бунёди нақб мебошад, аммо хунукназарӣ дар сохтмони нақб ӯро бештар ба ҳайрат меовард. Аз боиси чунин хунукназарӣ сохтмон бо техникаи зарурӣ таъмин нест. Аз ин рӯ Мафтуну шогирданаш бештар дастӣ нақб мекананд [ниг.: 7, с. 128-133].
Мафтун шароити сохтмони нақби Анзобро бо нақби обрасонии Данғара муқоиса менамояд. Дар нақби Данғара мошини нақбкании навъи «4-ПП-2» аз озмоиш гузашта, истифода мешуд, ки истеҳсоли корхонаи мошинсозии Ясиноватаяи Украина буд, аммо дар нақби Анзоб чунин мошинҳои пуриқтидор истифода намешаванд. Ӯ ҳамчунин аз рӯзномаҳо дар бораи истифодаи мошинҳои пуриқтидори ҳозиразамон дар сохтмони нақби понздаҳкилометраи Северомуйски Шоҳроҳи Байкалу Амур хонда буд. Дар бораи бунёди нақби чилу ҳаштكيلометраи Арпа-Севан дар Арманистон, ки ба хотири пешгирӣ намудани хушкшавии оби кӯли Севан бо ёрии бародаронаи тамоми ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ низ хонда буд ва шароити бунёди ин нақбҳоро бо нақби Анзоб муқоиса карда, хулоса мебаровард, ки, агар ҳама аз як гиребон сар барорем, бо чунин роҳ баҳри Аралро низ наҷот додан имконпазир аст... ниг.:7, с.133-137].
Мафтун ба он андеша буд, ки барои ба анҷом расондани нақби Анзоб дасти мадади дӯстон зарур аст. Охир, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ тоҷикон низ на танҳо барои ҳифзи Ватан, балки барои таъминоти фронт низ ҷонбозиҳо карда буданд, аммо дар шароити кунунӣ дар масъалаи ободонӣ аз дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ақиб мондани Тоҷикистон ӯро азият медод. Бо чунин андешаҳо Мафтун бо ра-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё