Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Наш низ чунин бошанд ва касби худро муқаддас ҳисобанд. Бригадаи ӯ ба дар нақби Анзоб ба мактаби воқеии тарбияи мутахассисони нақбкан табдил ёфта буд. Дар рӯзи аввали кор ҳангоми нақбканӣ аз сақф хоку санги бисёре мерезад. Мафтун ба ҷавонон маслиҳат медиҳад, ки дар чунин ҳолатҳо барои аз хавф эмин мондан ба деворҳои нақб ҷафс шуда истанд. Хушбахтона, аз ин резиш касе осеб намебинад, баъди таъмири хати барқи осебдида, Мафтуну шогирдони ҷавонаш резишро бартараф менамоянд. Пас аз анҷоми басти корӣ Мафтуну аъзои бригадааш ба хобгоҳ бармегарданд. Мафтун дар назди хобгоҳ ба шогирдони ҷавонаш барои кор хоста, ба осмон менигарад. Ин лаҳзаҳо дар болои кӯҳи Уштаргардан уқобе парвоз мекард. Ин манзара айёми мактабхониашро ба ёди Мафтун меорад. Ӯ боре дар айёми зимистон бо супориши модар ба хезумчинӣ рафта уқоби захминеро пайдо карда ба хона оварда буд ва баъди табобат онро дубора ба осмон раҳо кард. Яке аз ҳамсояҳояшон, ки табиб буду бо узвҳои ҷудогонаи уқоб беморонро табобат мекард, аз ӯ бисёр хоҳиш карда буд, ки уқобро ба ӯ фурӯшад, то ноҳуну минкор ва гӯшту пару патаи онро барои табобати беморони гуногун истифода барад. Ҳатто дар ивази уқоби захмин марди табиб ба Мафтун гӯсфанди шишак ваъда кард. Аммо Мафтун ин пешниҳодро рад карда, байтор оварда аз пайи табобати паррандаи оҳанинчангол шуда буд. Падари маҳрумаш низ ин азми писарашро дастгирӣ менамуд. Баъди табобат ёфтани уқоб падараш аз ӯ ҳар чӣ зудтар раҳо кардани онро талаб намуд. [ниг.: 7, с. 107-1241]. «Дониста мон, ки... уқоби кӯҳӣ ҳаргиз дастомӯз намешавад...» - гуфта буд, падараш ба ӯ. Баъди ин Мафтун уқобро ба мошини муаллими варзиш бор карда, ба девлоҳ (айлок) бурда сар дод. Ин рафтори Мафтунро муаллими варзиш низ «шарафмандона» номида буд [ниг.: 7, с.127]. Ҳар сол ин уқоб дар айёми баҳорон дар болои ҳавлии хонаводаи Мафтунино «тобхӯрон парвоз карда, ...ба ин даргоҳ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё