Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
ба ӯ ҳикоят кунад, аммо ба назари Мафтун бо чашми сар дидани шукӯҳу шаҳомати ин сохтмони азим дигар аст. Аз ин рӯ ӯ мехост, дар ин лаҳзаҳо Фарогат ҳамроҳаш бошаду шодиву сурури мардумро бо чашмони худ бубинад. Шояд бо дидани он фикру ақидаи Фарогат нисбат ба Мафтун ва касби интихобкардаи ӯ тағйир меёфт [ниг.: 7, с. 98-102]. Боз дар сари ӯ чунин андешае пайдо мешавад, ки шояд «ақидаи Фарогат аз санги хорои сурхранг», ки онро нақбқанон бо усули таркиш пора-пора мекунанд устуворлару мустаҳкамтар бошад. Ба ҳар ҳол Мафтун аз чунин андешаҳои ботинӣ ба хулоса меояд, ки «агар Фарогат имрӯз ҳамроҳаш мебуд, ба пешаи нақбканӣ эҳтиром пайдо менамуд»... [ниг.:
7, с. 102].
Ҳамон бегоҳ ба Мафтун хабар мерасад, ки ҳамсараш писар таваллуд кардааст. Рӯзи дигар Мафтун ба таваллудхонае, ки дар паҳлуи қаҳвахонаи «Бадахшон»-и пойтахт буд, меояд. Азбаски дар таваллудхона ба ҳуҷраи хоби беморон даромадани мардон номумкин аст. Фарогат аз балкони ошёнаи сеюми таваллудхона бо шавҳараш гуфтугӯ мекунад. Мафтун саломатии писарчаашро пурсон мешавад ва аз хушҳолӣ ба ҳамсараш хитоб карда «Фарогатҷон, ман туро бениҳоят дӯст медорам!» — мегӯяд. Азбаски Мафтун аз писардор шуданаш ниҳоят мамнун буд, ба ҳамсараш пешниҳод менамояд, ки номи фарзандашро Мамнун монад. Дар ин ҳангом Фарогат бо табассуми маънидорона ба Мафтун менигарист ва дар андешаи он буд, ки «акнун ин Укоби Кӯҳиро дастомӯзи худ кардан метавонад» [ниг.: 7, с.
103].
Боби сеюми асар «Укоби кӯҳӣ дастомӯз намешавад»
унвон дорад. Ин боб аз иваз шудани роҳбари идораи нақбсозии Данғара шурӯъ мегардад. Владимир Евгеневич Кузнетсов, ки сарварии ин идораи сохтмониро ба уҳда дошт,
ҳамчун мушовири сохтмони нақб ба кишвари Сурия сафарбар мешаваду ба ҷойи ӯ яке аз шогирдони беҳтаринаш,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё