Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Аз маводи фаровоне медод. Сипас ба киштии сайёҳӣ савор шуда, саросари кӯли Байкалро тамошо намудам. Алғараз, бо маводи ба тӯли се рӯзи мулоқоту суҳбат ва мушоҳидаҳо ба даст омада, очерки калонҳаҷми «Сафинаи Байкал»-ро навиштам. Ин очерк дар панҷ шумораи «Комсомоли Тоҷикистон» пай дар ҳам чоп гардид.
Пас аз хизмати аскарӣ бо муҳаррир Абдулло Зокир, очеркнавис ва тарҷумони забардаст кор кардам, он кас маро мудири шуъбаи пропаганда ва агитатсия, яъне таблиғу ташвиқ таъйин намуданд. Ин шуъба дар баробари шуъбаи ҳаёти комсомолӣ аз ҷумлаи шуъбаҳои асосӣ ҳисоб меёфт. Пас аз ду сол дар вазифаи котиби масъул кор кардам. Ва баъди ду сол аз тарафи вазорати нақлиёти ҳукумати даври шӯравӣ тарҷумони сохтмони шоҳроҳҳои самти шимолии кишвари Афғонистон муваззаф шудам. Ҳамин рӯзҳои сафарам дар саҳифаҳои рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» қиссаи ҳуҷҷатиам таҳти унвони «Ҷонбохтаи Роҳатӣ» чоп мешуд.
Қароргоҳи мутахассисини шӯравӣ дар шаҳри Мазори Шариф воқеъ буд. Муаззини навбатдор соати чори субҳдам азони бомдодро мехонд. Ман ҳамон вақт аз хоб бархеста, дасту рӯ мешустаму то соати ҳафт бо тарҷумаи романи «Сурх ва Сиёҳ»-и нависандаи бузурги фаронсавӣ Стендал машғул мешудам. Соати ҳафтуним наҳорӣ карда, ба кор мерафтам. Ба ҳамин васила тақрибан тӯли дуюним сол тарҷумаи ҳамон асарро ба анҷом расонидам. Ростӣ, ки аз ҳамин шуғли некманиш дар ниҳоди хеш як ҷаҳон фарахмандӣ ва завқу завқ эҳсос намудам. Баъди бозгашт боз дар вазифаи котиби масъул хизматро идома додам. Муҳаррири рӯзнома Муқим Абдураҳмонов очеркнависи тавоно буданд, он кас собиқан дар маснади ҷонишини муҳаррир ифои вазифа менамуданд. Ман чанде дар вазифаи ҷонишини муҳаррир хизмат намуда, сипас муҳаррир таъйин гардидам ва қариб се сол дар ин вазифа кор кардам. Чор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё