Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

АдабиётМаърифат
Аз аввал хондан

медорам. Ин маънии онро дорад, ки рӯзноманигорому аҳли қалам зери таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор доранд ва ояндаи рӯшанеро ҳам хоҳанд дошт.

  • Мо медонем, ки тамоми дастовардҳои Шумо бо журналистика тавъам аст. Мехоҳем донем, ки бо журналистика чиро аз даст добед?

  • Ман тамоми ҳаётамро ба журналистика бахшидаам. Ҷавониам низ сарфи ҳамин пеша шуд.

  • «Ҷавонони Тоҷикистон» аз нигоҳи нафаре, ки худ дар бисёр мусоҳибаҳо қоил шудааст, ки варо тарбия кард, чист?

  • Аз нигоҳи ман рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» як донишгоҳи ҳақиқӣ буд ва ман онро ҳамин гуна қабул дорам. Ман вақте донишгоҳҳо хатм кардам, гӯё аз як донишгоҳ ба дигар донишгоҳ омадам. Барои ман ин ҷарида як донишгоҳи бузург дар боби омӯхтани касби рӯзноманигорӣ гардид.

Ман дар идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» бо чор нафар муҳаррир кор кардаам. Аввал Мутулло Наҷмиддинов — устоди забардасти ҳамаи кормандони ҷавони рӯзнома буданд. Вақте ки ман дар курси панҷуми Университети давлатии Тоҷикистон, ҳоло Донишгоҳи миллӣ таҳсил мекардам, бо «Комсомоли Тоҷикистон» ҳамкорӣ доштам ва тарҷумаю мақолаҳоям дар саҳифаҳои ин рӯзнома чоп мешуданд. Ҳар гоҳ, ки ягон матлабам дар рӯзнома дарҷ мегардид, он рӯз бароим гӯё ид буд. Устод Мутулло Наҷмиддинов ба навиштаҳоям баҳо дода, маро барои кор даъват намуданд. Ва ман ба сифати ходими адабӣ ба кор шурӯъ кардам. Муҳаррири рӯзнома Мутулло Наҷмиддинов очеркнависи номвар буданд ва мо ба он кас пайравӣ менамудем, устод воқеан ҳам ба рӯзноманигорони ҷавон роҳнамоӣ менамуданд. Сонитар он кас қиссаҳову роман навиштанд, тарҷумаҳои хубро анҷом доданд.

Ман ҳамон вақт повести «Роҳи Каҳкашон»-и нависандаи машҳури қирғиз Чингиз Айтматовро бо ҳамкории

пешина
аз 263
навбатӣ