Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

АдабиётМаърифат
Аз аввал хондан

Агар бадбахту маҳкуми гуноҳ шаванд, сабабгор ашрофону ашрофзодагонанд. Соли 1830 муҳорибаҳои сангарии шаҳри Париж ин ақидаи адибро ба исбот расонид.

Ҳамзамононаш Стендалро инсони зиндадилу хушсуҳбат ба қалам додаанд. Адиб боре ба кадом дӯсташ изҳор кардааст, ки асарҳои ӯро баъди сад сол хоҳанд хонд. Чунин ҳам шуд...

Стендал мудом бемор буд ва сиҳатиаш пайваста бад мешуд. Дар охирҳои умраш аҳволи нависанда ба дараҷае бад шуд, ки наметавонист қалам ба даст бигирад. Вай асарҳояшро нақл мекарду дигарон менавиштанд.

Соли 1842 адиб бар асари сактаи қалб дар кӯча афтид ва ҷон дод.

Аслан муҳтавои китоб ба хонандаи кишвари мо бегона нест, эҳсоси муҳаббату нафрат дар ҳама замон ва дар ҳар макон дар ниҳоди ҳар инсон ба як гуна ворид гашта, исён мекунад. Жюлен Сорел, ки қаҳрамони марказии роман маҳсуб меёбад, такопӯ ва талошҳои ӯ хоси ҷавонон аст. Вале вай дар хонаводаи дуредгар ба дунё омада, фарзанди хурдӣ буд ва ба бародаронаш шабоҳат надошту аз дасташ ягон кори дуруст намеомад, ҳатто ба падар мисли бародаронаш ёрӣ дода наметавонист ва ин аҳвол то ҳаждаҳсолагиаш давом ёфт. Падар ҳамеша фикр мекард, ки Жюлен бори гарони дӯши ӯ хоҳад шуд. Жюлен инро дарк менамуд ва мудом дар сар андешаи чӣ тавр раҳо ёфтану берун шудан аз ин хонадонро мепарварид. Аммо як одату хислати хуб дошт ӯ: навраси китобхон буд, зиёд мутолиа мекард! Лекин падари қуллан бесавод ва шадидан китоббезор тобу тавони дидани ин рафтори писарро надошт...

Чунонки дар боло зикр намудем, тарҷумони асари безавол Бахтиёр Муртазо ба сабаби китобхону босавод будан ва донистани забон барвақт сарбаланду дар ҳар замону макон азиз гардида буд. Жюлени ҷавон низ ба сабаби донистани забони лотинӣ, илми илоҳиёт ва дигар илмҳо мав

пешина
аз 263
навбатӣ