Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Верер ҷаноби де Ренал мешавад. Дар ин хонадон ӯ вазифаи худро бо садоқати том адо мекард, вале ба бонуи ҷаноби де Ренал, ба модари тарбиягирандагони худ хонум де Ренал мафтун мегардад. Ҳамин тавр айшу нӯш оғоз меёбад. Вале яке аз нӯкарони ҷаноби де Ренал аз моҷаро огоҳ мешавад. Жюлен тарки ин хонадон карда, ба мактаби динӣ меравад, аз он ҷо ба хонадони ашрофи олирутбаи парижӣ ҷаноби де Ла-Мол роҳ ёфта, духтари он ҷаноб Матилдаро мафтун месозад. Баъди чанд гоҳ Матилда ба падараш мактуб навишта, Жюленро шавҳар ва падари фарзанди ояндаи худ эълон менамояд. Чораи дигар набуд. Ҷаноби де Ла-Мол ночор монда, Жюленро ба домодӣ пазируфта, ба табақаи ашрофзодагон шомил мекунад. Ниҳоят Жюлен афсари яке аз қисмҳои низомӣ таъйин мешавад.
Аз мансабу мартаба ва шавҳари Матилда будани Жюлен хонум де Ренал огоҳ шуда, чун мӯйи оташрасида ба худ мепечад ва аз шиддати рашку ҳасад ба дод омада, ба унвони падари Матилда мактуби шикоятӣ навишта, Жюленро он қадар бад ва сиёҳ мекунад, ки тамоми дарҳо дар муҳити ашрофзодагон ба рӯйи Жюлен баста мешаванд. Жюлен ба Верер меояд, маъшуқаи аввалинашро дар калисо пайдо карда, аз таппонча тир мекушояд. Хонум де Ренал захм мебардорад. Жюлен ба даст меафтад ва ба зудӣ қатл мешавад.
Нуктаи ҷолиби асар ин аст, ки Жюлен худро бой намедиҳад, таслим намешавад, наметарсад, узр намепурсад, лаҳзаи охирини зиндагиашро бо сари баланд истиқбол менамояд. Ӯ дар маҳкама суханронӣ карда, сармоядоронро мазаммат ва макру ҳилаашонро ошкор месозад. Хонум де Ренал сари буридаи ошиқи худро дида, ғуссамарг мешавад. Матилда он сарро аз ҷаллод харида, бо шукӯҳу шаҳомот ба хок месупурад.
Стендал гуфта тавонист, ки дар Фаронса танҳо мардуми заҳматкашу одӣ ҷасорату мардонагӣ доранд ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё