Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ГУЛЧЕҲРА СУЛАЙМОНИЙ

Гулчеҳра Сулаймонӣ 1 январи соли 1928 дар Бухоро, дар оилаи шоири машҳури тоҷик Пайрав Сулаймонӣ таваллуд ёфтааст.

Соли 1947 факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи омӯзгории Бухороро хатм кардааст.

Шеърҳояш аз соли 1946 чоп шудаанд. Асосан барои бачаҳо эҷод карда, дар қатори беҳтарин адибони кӯдакони тоҷику шӯравӣ ҷой гирифтааст. Муаллифи маҷмӯаҳои «Имрӯз ид» (1957), «Ду бех олу» (1962), «Наргис» (1966), «Чархофалак» (1971), «Чил кокул» (1972), «Себи хубонӣ» (1974), «Тори марҷон» (1976), «Илҳом» (1977), «Тирукамон» (1979), «Вақте ки лолаҳо мешукуфтанд» (1982), «Куртаи чакан» (1989) ва ғ. мебошад.

Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1977), Шоири халқии Тоҷикистон (1988) будааст.

Бо ордени «Дӯстии халқҳо» (1986) ва Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон қадр карда шудааст.

5 апрели соли 2003 аз олам даргузашт.

пешина
аз 184
навбатӣ