Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хонданДАР ВАҚТИ ТАҲСИЛ
Дар вақти таҳсил,
Ту аз таҳи дил,
Хон хону хон,
Дону дону дон.
Асбоби хониш,
Карда созу соз.
Рӯ сӯи мактаб,
Тозу тозу тоз!
Бо китоби нағз,
Шину шину шин.
Маънои онро,
Чину чину чин!
Гуфти муаллим,
Санҷу санҷу санҷ.
Доим баҳо гир,
Панҷу панҷу панҷ.
АЗ НУГИ ҲАМИР-ФАТИР
Ҳар бор очаам,
Мекунад хамир.
Аз нуги хамир,
Мепазад фатир.
Бар фатир агар,
Ҷазза андозад.
Як ҷаҳон ба вай,
Мазза андозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё