Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хонданФАРҚЕ НАБУДАСТ...
Рӯзе,
Дар Панҷоби дилписанд,
Дар як шаҳри хурд,
Пас аз тамошои музей
Мулк Раҷ Ананд
Моро ба мактабе бурд.
... Ҳангоми суҳбат,
Бо ҳурмат
Мактаббачаяке
Аз ҷояш ҷунбид,
Истода андаке,
Пурсид:
— Дар мактабҳои шумо
Ҳарфи аввали алифбо
Кадом аст, гӯед?
Чун гуфтам «А»,
Дилшод гардид.
Пурсид дубора,
Рост карда қоматашро:
— Дар шумо
Агар дуро гиранд ду бор,
Мешавад чанд?
Чун гуфтам «чаҳор»,
Гардид хурсанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё