Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хонданБо ду ордени Ленин, ордени «Иқилоби Октябр», ду ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», ордени «Дӯстии халқҳо», ду ордени «Нишони фахрӣ» мукофотонида шудааст.
Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Соли 1993 аз олам даргузашт.
ЗИНДА БОД ХАНДА!
Рафта гуфтам ба духтур:
— Нотобам, эй амакҷон!
Гаҳ дилам мекунад дард,
Гаҳ сару гоҳе дандон.
Бовар бикун, амакҷон,
Надорам узви бедард.
Шояд аз ин нотобист
Тани лоғар, ранги зард?..
Духтур гуфто:
— Дарди ту
Дарди ғаморанда аст,
Лекин дармонпазир аст,
Доруи он ханда аст.
Асло накун фаромӯш:
Бо ханда гар шавӣ ёр,
Дигар ба дарду азоб
Намешавӣ гирифтор!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё