Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хонданХайбар, саги хушёри ман,
Ин хел баланд аккос назан!
Рав, давр зан атрофро,
Ғавғо накун дар пеши мо:
Фирӯзаҷон хобидааст!
Ту ҳам, шамоли сахту зӯр,
Рав бар биёбонҳои дур!
Аз ҷои беодам гузар,
Ғуррас назан дар пушти дар:
Фирӯзаҷон хобидааст!
БАРРАЧАИ МАН
О, баррачаи масти ман,
Биё давон дукур-дукур.
Ҷаву алаф ба дасти ман,
Биёву хӯр кумур-кумур.
Натоӣ, медиҳам ба гов,
Ки мехӯрад фашар-фушур.
Агар ба об ташнайӣ,
Ба ҷӯй дав тапар-тупур.
Шикамҷаат, ки сер шуд,
Ба рақс о гусур-гусур.
Ба кишту гул даҳан занӣ,
Бузак барин шатар-шутур,
Шунида мон, ки мезанам
Ба химҷаҳо тасар-тусур!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё