Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

МАКТАБУ МУАЛЛИМ

Сар мешавад ба олам
Роҳи дарози матлаб
Аз ҳикмати муаллим,
Аз остони мактаб.

Бе мактабу муаллим
Дунё макони тор аст,
Бо мактабу муаллим
Одам бузургвор аст.

КИТОБ

Кас мерасад ба мақсад,
Китоб агар бихонад.
Оқилу доно шавад,
Ҳама чизро бидонад.

Агар кушояд китоб,
Дарҳо шавад кушода.
Хонаду кам бихобад,
Илмаш шавад зиёда.

Ҳамсуҳбати хуби хуб
Барои мо китоб аст.
Равшангари дилу ҷон
Монанди офтоб аст!

пешина
аз 184
навбатӣ