Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хонданПадар низ лаҳзае ба фикр рафта:
- Ёфтам, — гуфт.
- Насиб бошад тирамоҳ аз навдаҳои ҷавони чанор қаламчаҳо бурида, дур аз деҳа лаби пуштаю теппа бурда мешинонем.
Қаламчаҳои себро дар боғи худамон оварда мешинонам. Боғамон калон аст-ку?
Сарв бошад зеботарин дарахт аст. Он дар ҳар куҷо намесабзад, барои сарв ҷои шамолдор лозим. Қаламчаҳои сарвро дар ду тарафи даромадгоҳи деҳа мешинонем ва як касро вобаста мекунем, ки то боқувват шудани қаламчаҳо онҳоро хуб нигоҳубин кунад.
- Ман худам, ман худам, падарҷон, баъди дарсҳо ба онҳо об медиҳам, - гуфт Барот.
Модар низ ба суҳбати онҳо ҳамроҳ шуда:
- Баротҷон, бо ин рафторат ҳам савоб мегирӣ, ҳам ба дарахтон умри дубора медиҳӣ. Инсонҳо низ барои номашон гум нашавад, аз худ нишоне мегузоранд, фарзанд ба дунё меоранд. Онҳоро хуб тарбия мекунанд, ки номбардору давомдиҳандаи ин наслу ин авлод бошанд.
Охир, зиндагӣ давом дорад, — гуфт модар аз рухсораи Барот бӯсида.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё